Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотамӣ ба курсии президент баргаштанист


Муҳаммади Хотамӣ
Муҳаммади Хотамӣ

Муҳаммади Хотамӣ, собиқ раисҷумҳури Эрон, эълон кардаст, ки дар интихоботи раёсатҷумҳури Эрон номзадии худро пешбарӣ хоҳад кард.

Ин интихобот моҳи июни соли ҷорӣ баргузор мешавад. Вай ин изҳоротро дар мулоқоте дар Теҳрон бо гурӯҳе аз ҷонибдорони ислоҳот изҳор дошт. Муҳаммади Хотамӣ гуфт, "ман дар ин ҷо ба ҷиддият ҳузури худамро дар арсаи интихобот эълон мекунам"

Мардуме, ки дар ин мулоқот ҳузур доштанд, бо шунидани ин суханон ба кафзанӣ шурцъ карданд. Вай афзуд, ки бояд ба интихоботи озоду қонунӣ таваҷҷуҳи бештар мабзул дошт ва амнияти ширкати зиёди интихобкунандагонро таъмин кард.

Тақӣ Раҳмонӣ-таҳлилгари сиёсии дар Теҳрон мегӯяд, оқои Хотамӣ баъзе барномаҳое дошт, ки амалӣ нашудаанд ва ҳоло барои иҷрои ин барнома вақт мусоъид аст:

"Мо ислоҳталабон интизори барнома дорем. Оқои Хотамӣ давраи 8-соларо таҷруба кардааст. Бо як шиъорҳое омадааст. Ва ин шиъорҳо нашудаст, ва агар имрӯз мардум бихоҳанд рай бидиҳанд ба ҳар кондидои ислоҳоттталаб ба шиъорҳо чандон таваҷҷуҳ намекунанд, чун худи ин фаъолони маданӣ, қавмӣ, синфӣ ҳам дорои таҷрубиёте ҳастанд, ки агар барномаҳои мумкин барошон ироа нашавад, имкони тарғибашон ба рай додан чандон амалӣ нест".

Аммо муҳофизакорон, ки ҳоло дар Эрон дар сари қудратанд, барои ислоҳотталабон монеъаҳо дуруст мекунанд. Онҳо ҳатто баъзе аз ҷонибдорони калидии оқои Хотамиро аз роҳ задаанд.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки дар интихоботи моҳи июни раёсати ҷумҳурии Эрон мумкин аст Муҳаммади Хотамӣ ва Маҳмуди Аҳмадинежод, раисҷумҳури кунунӣ аз рақибони аслии интихоботӣ бошанд.

XS
SM
MD
LG