Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шадидтар шудани маҳдудияти барқ дар Суғд


Аз субҳи рӯзи ҷумъаи 6–уми феврал меъёри таъмини вилояти Суғд бо нерӯи барқ то 3 миллион киловатт/соат дар шабонарӯз кам шуд.

То ин муддат минтақаи шимоли Тоҷикистон барои 24 соат ҳудуди 3.5 миллион киловатт/соат барқ дарёфт мекард. Вале ба гуфтаи масъулини идораи барқ, вилояти Суғд аз рӯи меёри шадиди шабонарӯзӣ ҳадди ақал ба 8 миллион киловатт/соат нерӯи барқ зарурат дорад.

Инъом Сангинов - муовини сардори идораи барқи Суғд гуфт, дастури шадидтар намудани маҳдудияти интиқоли барқ бо дастури идораи Барқи тоҷик сурат гирифтааст. Ба гуфтаи вай, меъёри нав интиқоли барқ ба манзилҳои сокинони маркази вилоятро дар субҳу шом то 2 соатӣ маҳдуд мекунад.

Сокинони дигар манотиқи Суғд сар аз соли нав тақрибан пурра аз барқ маҳруманд. Ба дармонгоҳу бемористонҳо нерӯи барқ танҳо барои чароғон кардани утоқҳо интиқол дода мешавад, вале қатъи нобаҳангоми он дар пайи шиддати меъёр имрӯзҳо ба як кори муқаррарӣ табдил ёфтааст.

Идораи барқи Суғд мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд НБО–и Қайроқум манбаъи ягонаи таъмини барқ дар минтақа маҳсуб меёбад ва дар шабонарӯз ҳудуди 2.5 миллион киловатт соат нерӯи барқ тавлид мекунад. Тақрибан 500 ҳазор киловатт соати дигар аз НБО–и Норак тавассути Узбакистон ба шимоли Тоҷикистон интиқол меёбад.
XS
SM
MD
LG