Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъини замони сафари Раҳмон ба Маскав


Раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Тоҷикистон

Раисони ҷумҳуриҳои Русия ва Тоҷикистон

Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Русия дар даҳаи дуюми феврал баргузор хоҳад шуд.

Ин тавофуқ дар ҷараёни ширкати ҳайати тоҷикистонӣ дар ҳамоиши сарони кишварҳои Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Маскав сурат гирифт, ки бархе аз расонаҳои хабарии хориҷӣ ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскавро номуваффақ арзёбӣ карданд.

Зафар Абдулло, раиси оҷонси хабарии «Авесто», ки дар ин ҳайат буд, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар долонҳои кохи Кремлин ва маркази матбуотӣ суҳбат аз пойгоҳи низомии Амрико дар Манаси Қирғизистон ва сардии равобити Тоҷикистону Русия ва Узбакистон бар сари эҳдоси нерӯгоҳи Роғун буд.

Вале пас аз он, ки гуфтугӯҳои дуҷонибаи руасои Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд ва сухангуи раисиҷумҳури Русия ба маркази матбуотӣ омад ва дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки Русия барои суръатбахшиҳо дар иҷрои барномаҳои умдаи энержӣ, аз ҷумла Роғун, талош хоҳад кард, ин сарусадоҳо аз байн рафт. Ва миёни хабарнигорон танҳо масъалаи пойгоҳи низомии Амрико дар Бишкек боқӣ монд.

Зафар Абдулло ҳамчунин иддаоҳои бархе аз расонаҳои хабарӣ дар робита ба пазироии ҳайати Тоҷикистон дар Русияро чунин тавзеҳ дод: «Ман наметавонам ин иддаоҳоро таъйид ва ё рад кунам. Б а ин далел, ки ин масъалаҳо шояд дар пояи кадом як асноде файсала шудааст. Вале бар асоси бардошти зеҳнии худ метавонам бигӯям, ки пазироии ҳайати Тоҷикистон аз рӯи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда сурат гирифт. Мо аз фурӯдгоҳ мустақиман ба меҳмонхонаи «Золотое колтсо», «Ҳалқаи тилоӣ» рафтем ва ба хубӣ пазируфта шудем».

Вай дар мавриди ширкати ҳайати тоҷикистонӣ дар ҳамоиши Маскав гуфт, «ман наметавонам дақиқан тавзеҳ бидиҳам, ки дар гуфтугӯҳо ҳайати Тоҷикистон то чӣ андоза муваффақ буд. Вале бар асоси он иттилоъе, ки дафтари раёсати ҷумҳурӣ ба мо ироа кард, ин сафар ва дидору гуфтугӯҳо муваффақ буд. Ва аз ин ҷост, ки сари мавзуи сафари кории раисиҷумҳур ба Маскав дар моҳи ҷорӣ тавофуқ шуд».

Дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сомонаи интернетии худ дидору гуфтугӯҳои руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Русияро муваффақ арзёбӣ кардааст. Ба қафли ин манбаъ, «сарони ду кишвар ба мувофиқат расиданд, ки маосили ҳалталаб ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русияро нимаи дуюми моҳи ҷорӣ дар Маскав идома бидиҳанд. Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, Эмомалӣ Раҳмонро даъват кард, ки то дар соли равони ба Русия сафари давлатиро анҷом бидиҳад».

Ин дар ҳолест, ки ба назари бархе аз таҳлилгарон, миёни тавофуқот ва иҷрои он фосила вуҷуд дорад. Ва ин фосила дар сиёсат метавонад тули бештаре дошта бошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG