Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти норавшани пойгоҳи ИМА дар Манас


Ҳадафи аслӣ аз таъсиси пойгоҳҳои низомии амрикоӣ дар кишварҳои ҳошияи Афғонистон масъулияти таъмину икмоли нерӯҳои амрикоӣ ва эътилофи байнулмилалии зидди террор дар Афғонистон ҷиҳати мубориза бо гурӯҳҳои терористӣ ва Толибон аст.

Аммо пойгоҳи низомии нерӯҳои амрикоӣ дар «Манас»-и Қирғизистон дар ҳоле баста хоҳад шуд, ки ба гуфтаи шоҳидони ҳол, ин гурӯҳҳои терористӣ ва Толибон бештар фаъол шуда ва то дарвозаҳои Кобул пеш омадаанд. Ва аз сӯи дигар, ба гуфтаи коршиносони умур, роҳҳои икмолотии нерӯҳои амрикоӣ тавассути Покистон бо гузашти ҳар рӯз хатарноктар мешаанд. Дар чунин вазъияте баста шудани пойгоҳои нерӯҳои амрикоиро дар чанд росто, аз ҷумла фаъол шудани бештари Русия дар минтақа, қобили арзёбӣ медонанд.

Аммо акнун суоли матраҳ ин аст, ки эътилофи байнулмилалӣ ва Амрико дар воқеъ дар талош аст, роҳҳои дигаре барои мусоидат ва икмоли ниеруҳои зидди террор дар Афғонистон пайдо кунад. Ва ҳадаф аз сафари охирини генерали амрикоӣ Девид Переус низ дар ду ҳафтаи пеш ба Тоҷикистон ҳосил кардани мувофиқаи Душанбе барои мусоидат ба интиқоли маводи зарурӣ барои ин нерӯҳои дар Афғонистон унвон шуда буд. Амре ки Тоҷикистон низ ба он мувофиқа кард ва мақомот гуфтанд ин мавод танҳо ғайри низомӣ хоҳанд буд. Аммо акнун ин суол матраҳ мешавад, ки бо баста шудани пойгоҳи «Манас» оё кадоме аз кишварҳои дигари минтақа меҳмондори нерӯҳои амрикоӣ хоҳад шуд?

Бархе аз ташлилгарони Русия ангушти ишораро ҷониби Тоҷикистон ва ё бо ҳам Узбакистон дароз кардаанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон, чун кишвари узви эътилофи байнулмилалии зидди террор, дар мавриди бастани пойгоҳи «Манас» вокӯнише накардаанд. Вале коршиносони тоҷик мегуянд, Амрико ҳатман талош хоҳад кард, ки пойгоҳеро ҷойгузини «Манас» дар Тоҷикистон ё Узбакистон пайдо кунад.

Қосимшоҳ Искандаров, мудири маркази мутолеоти минтақаии Тоҷикистон, бидуни доштани чунин пойгоҳе дар Осиёи Марказӣ кори мубориза бо террор дар Афғонистонро барои нерӯҳои Амрико кори сангине медонад.

Дар ҳамин ҳол Давлати Усмон, таҳлилгар ва вазири собиқ дар ҳукумати Тоҷикистон, муътақид аст, ки Тоҷикистон метавонад ба Амрико дар ин марвид ҳамкорӣ кунад. Ба гуфтаи кишварҳои минтақа, аз соли 2001 ба ин сӯ ба ин моҷаро кашида шудаанд ва роҳи бозгашт надоранд.

Аммо дар ҳамин ҳол бархе ҳам мегӯянд, Тоҷикистон агар имконоте ҳам ба нерӯҳои Амрикоӣ дода бошад, он интиқоли борҳои ғайринизомӣ мебошад. Ва аз сӯи дигар, ба гуфтаи ин таҳлилгарон, инкишофи баъдии воқеаҳо, яъне музокира бар сари додани пойгоҳ ба амрикоиҳо аз ҳар ҷиҳат ба натиҷаи боздиди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Маскав низ вобаст хоҳад буд.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик, агарчанд додани пойгоҳ ба амрикоро кори номумкине намедонад, аммо мегӯяд, ин иқдомест, ки ба ҳар ҳол фурсат мехоҳад. Ӯ мегӯяд, агар музокироти Маскав натиҷаи матлубе надиҳад, Тоҷикистон дар авлавияти сиёсати хориҷиаш ҳатман бознигарӣ хоҳад кард.

Аммо ба гуфтаи бархе дигар коршиносон, ба ҳамон андозае, ки ҳузури нерӯҳои Амрико дар Афғонистон ба манзури мубориза бо терроризм зарур аст ва эътирофшуда, ба ҳамон андоза вуҷуди пойгоҳҳои низомии Амрико дар кишварҳои ҳошияи Афғонистон низ мантиқист ва бояд эътироф шавад.

XS
SM
MD
LG