Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз даргирии миёни ду воҳиди вазорати дохилаи Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Рашт – шаҳраки Ғарм расо як сол сипарӣ мешавад.

Соли гузашта бар асари ин даргирӣ сардори раёсати мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати мазкур Олег Захарчанко кушта шуда буд. Мирзохӯҷа Аҳмадов, сардори шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилони вазорати дохилаи Тоҷикистон ва аз фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои оппозисиюни пешини тоҷик ва чанде аз зердастонаш ба сурати ғайриаланӣ дар ин куштор муттаҳам шинохта шуданд. Ва мақомот алайҳи ӯ ва ёронаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд.

Аммо дар тирамоҳи гузашта дар пайи сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт ва мулоқоташ бо Мирзохӯҷа Аҳмадов ӯ ва тобеинаш мавриди афви сардори давлат қарор гирифтанд ва дар пай бахши вазорати дохила дар ин минтақа, ки Аҳмадов роҳбарӣ мекард, барҳам дода шуд. Ӯ ва ҳамроҳонаш силоҳҳои худро ба давлат таслим карданд.

Раисиҷумҳур ба мақомоти минтақа дастуре низ дода буд, ки барои Аҳмадов кори муносиб пайдо кунанд. Ва аммо акнун бо гузашти як сол аз ин ҳодиса Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҳамроҳонаш дар чӣ вазъе қарор доранд? Ва ӯ то кадом андоза худро афвшуда эҳсос мекунад? Бо ин суолҳо пойи сӯҳбати худи Мирзохӯҷа нишастем ва ҳоло ин матни сӯҳбат пешкаши шумо мешвад:

Мирзохӯҷа: Ҳозир ҳазор маротиба шукр, баъди омадани ҷаноби олӣ, ки мо ва ҷойи корамонро ихтисор карданд, бекор ва дар хонаамонем, аз қафои рӯзгор ҳастем. Ва, Худоро шукр, аз он рӯзе, ки моро афв карданд, ки аз он чаҳор моҳ мегузарад, ягон хел коғазу ҳуҷҷати афв дар дасти мо нарасидааст, ки мо худро беташвиш ҳис кунем. Баъди афв кардан мӯҳтарам ҷаноби олӣ супориш доданд, ки бо ҷойи кор таъмин кунед, ба бачаҳо замин бидиҳед, кредит бидиҳед, бачаҳо чӣ хел кореро, ки битавонанд бо он таъминашон кунед, аммо ҳозир ягон гапу кор ҳам нест. Мӯҳтарам ҷаноби олӣ раисони ҳукуматҳои минтақаро супориш дод, ки ин корҳоро бубинанд, вале чизе нашуд. Чор моҳ мегузарад аз замони ихтисор, вале мо дар хонаамон хобем. Мо аз ин кор, яъне аз бекорӣ, хафа ҳам нестем. Барои он ки аз 7 миллион аҳолии Тоҷикистон 6 миллионаш бекор аст, мисли мо. Дар тақдиру насиб чӣ хеле бошад, ҳамон тавр мешавад. Он чи ки Худованд дар тақдир кашида бошад.

Суол: Мақомоти навоҳии минтақа дастуроти раисиҷумҳурро дар нисбати шумо ба инобат нагирифтанд?

Мирзохӯҷа: Гуфтам-ку, чор моҳ шуд аз дастури мӯҳтарам ҷаноби олӣ, раисони ноҳияҳо, барои бачаҳои мо, ки аз ҳар ноҳияҳо мебошанд, ягон супориши ӯро иҷро накарданд.

Суол: Президент ба мақомоти навоҳӣ чӣ дастуру супоришҳо карда буданд?

Мирзохӯҷа: Ҷаноби олӣ супориш доданд, ки мо як моҳ дар рухсатии меҳнатӣ бошем ва баъди он бачаҳо аз рӯи лаёқаташон ва лоиқии онҳо ба корҳо таъмин шаванд. Ва барои бачаҳое, ки лоиқ ба кор нестанд, замин дода шавад, барои гирифтани қарз аз бонкҳо ёрӣ кунанд, то ин бачаҳо мустақилона як роҳи зиндагиашонро биёбанд, як бизнес кунанд, то ҳушашон ба корҳои дигар нашавад. То ҳозир иҷро нашуданд.

Суол: Худи шумо ягон маротиба ба мақомоти ноҳия муроҷиат кардед, ки чаро дастурҳои президентро ба иҷро намерасонанд?

Мирзохӯҷа: Мо ягон бор муроҷиат накардем. Барои он, ки мӯҳтарам ҷаноби олӣ дар ҳузури чанд нафар ба инҳо супориш доданд. Вақте онҳо аз пайи иҷроиши супоришҳои президенти мамлакат нашаванд… Мо ягон мӯҳтоҷӣ надорем, ки онҳоро хотиррасон кунем. Барои он ки онҳо худашон хеста ваъда дода буданд. Ваъда дода буданд, ки дар давоми ду-се моҳ ин корҳоро дида дуруст мекунанд. Лекин мо мӯҳтоҷ нестем, ки биравему гӯем, ки чӣ гап шуд, чаро иҷро намекунед? Мо, Худоро ҳазорон маротиба шукр, ки ба ин мӯҳтоҷ нестем.

Суол: Шумо амнияти худро чи тавр эҳсос мекунед? Оё шумо худро таҳти таъқиб ва зери назорат ҳис намекунед?

Мирзохӯҷа: Мутаассифона, баъди эълони афви ҷаноби олӣ ягон дастуре ба мо нарасидааст. Аммо ин ҷо як ҳодиса шуд. Тақрибан як ҳафта пештар як нафари мо, ки дар ҳамон сафари ҷаноби олӣ дар минтақаи Рашт дар қишлоқи Ҷафр буд, баъди чор моҳи сафари президент дастгираш карданд, боз ҳамон УБОП. Ҳозир маҳкамаш карданд дар Душанбе ва ду рӯз шуд дар телевизион нишонаш медиҳанд, ки ӯ як чунин корҳоро кардааст. Аз ин коре, ки ба онҳо нисбат медиҳанд, яъне кори раиси ноҳия 9 сол мегузарад. Ҷаноби олӣ омад, ҳамаи минтақаи Раштро дид, афв кард ҳамаро. Дар давоми нӯҳ сол натавонистанд, ки ӯро дастгир кунанд. Агар коркунони ҳуқуқ ин супоришҳоро ҳамчун супориши президент дарк мекарданд, ӯро мешуд, ки дар давоми ду-се моҳ дастгир накунанду барои хотири супориши ҷаноби олӣ, барои эҳтироми гапи президенти мамлакат метавонистанд, ки як сол пас ё ду сол пас боздошт кунанд, чи хеле ки пеш мекарданд, дар солҳои 1999 ва 2001. Он солҳо афв намуданд, лекин баъди соли 2003 дастгиркуниро оғоз карданд. Ин бачаро ҳам барои эҳтироми президент ба хотири суханони президент, ки ҳамон тавр мекарданд, мешуд. Лекин, мутаассифона, чор моҳ пас аз сафари президент боз дастгиркуниро сар карданд ва дар худи шаҳри Душанбе ӯро дастгир намуданд. Аз ин ҷост, ки моро боз ташвиш бисёр шуд, ки на ягон ҳуҷҷат дар дастамон дорем, вале боз ин гуна корҳо оғоз шуд. Аз ҳамин ҷиҳат беҳад дар ташвишем. Ман аз Худо мебинам, лекин ташвиши бачаҳо ва минтақа зиёдтар шуд, ки мақсад гуфтанду ба гуфтаашон наистоданд. Боварам надорем. Баъди ин корҳо бовар надорем, ки ин афв аз таҳти дил бошад. Боз монанди ҳамон афвҳои солҳои 1999-у 2001. Фикр дорам, ки ҳамон ва ё аз он ҳам бадтар шавад.

Суол: Шумо ҳанӯз ҳам бар ин назаред, ки аз қафои шумоанд?

Мирзохӯҷа: Ман ҳозир ҳам ҳис карда истодаам, ки аз қафои ва ман аз қафои бачаҳои ҳамроҳи ман будаанд. Коркунони ҳифзи ҳуқуқ ҳуҷҷат ҷамъ карда истодаанд ва бурда болои он ҳуҷҷатҳое, ки доранд, зам карда истодаанд. Мегӯям-ку, насиб, боз Худо худаш медонад. Боз чӣ мешавад - намешавад Худо худаш медонад. Лекин мушоҳида мекунем, ки ҳуҷҷат ҷамъ мекунанд. Мо ягон хоин нестем, ягон ваҳшат нестем, ки нисбати мо рафта тӯҳматҳои дурӯғ мекунанд. Мақсади мо ин буд, ки ин суханонро ба ҷаноби олӣ бирасонем. Лекин, мутаассифона, ҷаноби олӣ вақт надоштанд, ё ки мазаашон набуд, ки ин корҳо нашуд. Лекин мо умед дорем, ки иншооллоҳ, боз ягон намояндааш ё боз дар ягон сафари кориаш ба минтақа ин корҳоро ҳаматарафа фаҳмонида метавонем.

Суол: Ҳозир шумо метавонед ба Душанбе оед?

Мирзохӯҷа: Мо, ҳазорон маротиба шукри Худо, 7 сол шуд, ки нарафтем шаҳри Душанбе, рафтанӣ ҳам нестем. Барои он ки, гуфти бародарони рус, ягон гарантия нест. Ҳар касро гарантия Худо худаш аст. Лекин ман ҳамчун як шаҳрванд медонам, ки нисбати ман амният нест, намеравам ва рафтанӣ ҳам нестам.

Суол: Аммо муносибати мардуми маҳаллӣ баъди ин ҳодисаҳо бо шумо чӣ гуна аст?

Мирзохӯҷа: Мардуми маҳаллӣ нисбати мо, шахсан ман ё ки нисбати ин бачаҳое, ки ҳамроҳи мананд муносибати бад мекарданд, рӯзи 2-юм феврал ба ин тавр сурат намегирифт. Дастгирии ҳамин мардум ҳамин мардуми минтақа буд, ки рӯзи 2-юми феврал, аввал Худо, ба ин пирӯзӣ ноил гаштем. Барои он ки баъди ихтисор кардан ҳам беҳад мардум, Худованд аз ин бад накунад, ҳурмату иззаташон нисбати бачаҳои мо бисёр аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG