Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силоҳи кимиёвии Сосониён?


Нахустин шуда, силоҳи кимиёвиро ба зидди душманони худ лашкари Сосониён истифода кардааст.

Саймон Ҷеймс аз Донишгоҳи Лестери Бритониё мегӯяд, дар қарни саввуми пеш аз милод лашкари Империяи Форс аз газҳои заҳролуди кимиёвӣ дар наздикии шаҳри Дурра воқеъ дар шимоли Сурияи ҳозира ба зидди сарбозони румӣ истифода мекардааст. Ӯ мегӯяд, фарзияааш бар асоси таҳқиқи ҷасади 20 сарбози румӣ аст, ки аз зери деворҳои шаҳр аз як маҳал пайдо кардаанд.

Ин бозёфти худро Саймон Ҷеймс дар ҳамоиши солонаи Пажӯҳишгоҳи бостоншиносии Амрико муаррифӣ намуд. Бино ба фарзияи Саймон Ҷеймс, барои ишғол кардани шаҳри Дурра, лашкари форсҳо дар зери деворҳои шаҳр хандақ меканданд ва нерӯҳои румӣ низ барои рафъи ҳамла нақб канда, вале вақте ки ба он ворид мешуданд, форсҳо қир ва хокаи сулфурро ба ҳам омехта месӯхтанд, ки дар натиҷа дуди ғализе дар дохили нақб ҳосил мешуд. Аз таъсири ин дуди заҳролуд, сарбозони румӣ баъди чанд сония аз ҳуш мерафтанд ва баъди чанд дақиқа ҷон медоданд. Ба гуфтаи донишманди бритониёӣ, сипас сарбозони форс ҷасади душманони худро рӯ ба рӯи ҳам гузошта ва ҳамингуна як сангар сохта ва баъдан нақбро месӯзонданд.

Саймон Ҷеймс мегӯяд, бозёфтҳои бостонӣ возеҳ нишон медиҳад, ки Сосониён аз назари дониши ҷангӣ ва истифодаи аслиҳа аз румиҳо камӣ надоштанд. Ва бозёфтҳои шаҳри Дурра нишон медиҳад, ки форсҳо дар ишғоли шаҳрҳо на камтар аз румиён маҳорат доштанд ва он усули тарсноки маҳви душманро истифода мекарданд. Ба гуфтаи донишманд, форсҳо ҳамчунин дар зери манораҳои посбонӣ ва деворҳои атрофи шаҳр нақб меканданд, то бо ин роҳ садҳои сахту азимро фурӯ резонанд.

Ҳарчанд шикастани деворҳои шаҳри Дурра ба форсҳо муяссар нашудааст, аммо дар ниҳоят онҳо ин шаҳрро ишғол кардаанд. То кунун маълум нест, ки лашкари форс Дурраро чӣ гуна тассаруф намуд, чун санадҳои таърихие дар ин маврид вуҷуд надорад. Вале маълум аст, ки форсҳо шаҳри Дурраро тарк карда ва сокинони онро ё куштанд ва ё зӯран ба Императории Форс бурданд.

Ҳафриёт дар ин шаҳрро солҳои 1920 то 1930 бостоншиносони фаронсавӣ ва амрикоӣ анҷом доданд ва солҳои ахир ҳафриёти шаҳри Дурра бо истифода аз фанновариҳои муосир идома дорад.
XS
SM
MD
LG