Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи нави ИМА ва НАТО ба Афғонистон


Генерал Дэвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Ироқ ва Афғонистон
Генерал Дэвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Ироқ ва Афғонистон

Генерал Дэвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Ироқ ва Афғонистон, гуфт, Амрико бо Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди роҳи нави ҳамлу нақли муҳимоти низоми барои артиши ИМА ва НАТО дар Афғонистон ба тавофуқ расидааст.

Баъд аз мулоқот бо мақомоти Покистон Петреус дар нишасти матбуотӣ дар Исломобод гуфт, ки сарони Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба интиқоли муҳимоти низомӣ аз тариқи қаламравҳояшон розигӣ доданд.

Ағлаби муҳимоти зарурӣ барои артиши НАТО ва Амрико дар Афғонистон тавассути Покистон мерасад ва аммо замони ахир бино бар гуфтаҳои Петреус, ҳамла ба корвонҳои мошинҳои ҳомили бор барои ин нерӯҳои байнулмилалӣ дар қаламрави Покистон афзоиш ёфтааст ва ба ҳамин хотир Амрико талош дорад роҳи нави интиқоли борҳо аз тариқи кишварҳои воқеъ дар шимоли Афғонистонро таъмин кунанд.

Фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Ироқу Афғонистон эълом дошт, ки бозшавии масирҳои нав ба вижа имрӯз муҳим аст, зеро ИМА қасд дорад ҳузури низомиаш дар Афғонистонро тақвият бахшад. Вай афзуд, ки созишномаи транзити борҳои низомӣ бо Русия ва чанд кишвари Осиёи Марказӣ имзо хоҳад шуд.

Аз нигоҳи коршиносон, ҳамла ба корвони мошинҳо дар Покистон ин фақат як шаҳодати тавсеаи бесуботӣ дар ин кишвар аст. Дар минтақаҳои қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон артиши Покистон муназзам бо шибҳанизомиёни исломгаро ва ситезаҷӯён вориди набард мешавад. Дирӯз вазорати дифои Покистон эълом намуд, ки дар он минтақа дар натиҷаи амалиёти низомии артиши кишвар ва нерӯҳои ҳавоӣ дастикам 60 ситезаҷӯ кушта шуданд.

Генерал Петреус гуфт, бо мақомоти Исломобод ва низомиёни покистонӣ масоили марбут ба амниятро мавриди баҳс қарор додааст. Ӯ афзуд, ки Вошингтон ба кӯмакаш ба Исломобод ҷиҳати истиқрори вазъи манотиқи қабиланишин идома медиҳад. Бо вуҷуди ин ҳама ҳукумати Покистон пайваста Амрикоро барои анҷоми ҳамлаҳои ҳавои ба минтақаҳои қабиланишин интиқод мекунад. Ҳукумати Обама дар бораи нақшаи тағири бархурд ба ин мушкил то ҳол изҳори назар накардааст.

Ба ақидаи таҳлилгарон, дар Кобул, ки Дэвид Петреус баъд аз Исломобод ба он ҷо парвоз кард, низомии воломақомро интиқодҳои ҳамсон интизоранд. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар суханрониаш дар порлумони кишвар гуфтааст, бо вуҷуди он ки ҳукуматаш ҳузури артиши хориҷиро истиқбол мекунад, афзоиши ҳалокати аҳолии осоишта бар асари ҳамлаҳои нерӯҳои байнулмилалӣ ғайри қобили таҳаммул гаштааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли равон Амрико қасд дорад ба Афғонистон 30 ҳазор нерӯи иловагӣ эъзом кунад.

XS
SM
MD
LG