Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо дархости мақомоти интизомии Тоҷикистон як сокини шаҳри Исфара – Анвар Қаюмов, ки раҳбари гурӯҳи «Ҳаракати исломии Узбакистон» дар ин маҳал хонда мешавад, дар шаҳри Кобул аз ҷониби кормандони мақомоти зидахли Афғонистон боздошт ва ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

Мирзонаим Муртазоев, раҳбари ситоди идораи умури дохилаи Суғд, гуфт, Анвар Қайюмов дар соли 1997 дар Афғонистон баъд аз омодагии махсуси ҳарбӣ ва қасам дар гурӯҳи собиқ раҳбари ҲИУ Ҷумъаи Намангонӣ пайваста, сипас барои ҷалби шаҳрвандон ба ин ҳаракат ва содир намудани ҷиноёти махсусан вазнин ба маҳали зисти худ фиристода шудаст.

Идораи умури дохила мегӯяд, ки алайҳи Анвар Қайюмов бо иттиҳомоти таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ ва терроризм парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Абдураҳим Қаҳҳоров, сардори идораи умури дохила, гуфт, зимни таҳқиқи парвандаи мазкур боз чаҳор афрод бо иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт карда шудаанд. Генерал Қаҳҳоров ба далели пинҳон доштани сирри тафтишотӣ аз шахсияти онҳо ном набурд, вале афзуд, ки боз чанд нафари дигар аз ин гурӯҳ таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ба гуфтаи масъулини идораи умури дохилаи Суғд, дар тайи солҳои ахир 19 нафар аъзои гурӯҳи Анвар Қайюмов боздошт шудаанд. Тибқи иттилои ин манбаъ, аксари кулли ин нафарон, ки дар ҳамлаи мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум ва қароргоҳи марзбонон ва се милиса дар Исфара дар аввал ва миёнаҳои соли 2006 ва дар куштори сардори боздоштгоҳи мазкур ва ҳадди ақал 7 нафари дигар гунаҳкор мебошанд, ба зиндон фиристода шудаанд ва бозбинии парвандаҳои қисме аз онҳо идома дорад.

XS
SM
MD
LG