Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон – 146-ум


Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги Федеросиюни байнулмилалии футбол (FIFA), ки 14-уми январ нашр кард, мавқеъашро байни 207дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон дар зинаи 146-ум нигоҳ дошт, вале байни 46 дастаи мунтахаби кишварҳои аъзои Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) як зина поён - ба ҷои 23-юм фуромад.

Тоҷикистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (69-ум) ва Қазоқистон (133-юм), пеш аз Туркманистон (149-ум) ва Қирғизистон (159-ум) ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар зинаи 13-ум қарор дорад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷои 9-ум мебошад. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 16-ум аст. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 3. Литва (50). 4. Узбакистон (69). 5. Латвия (70). 6. Беларус (81). 7. Молдова (97). 8. Гурҷистон (108). 9. Арманистон (112). 10. Эстония (118). 11. Қазоқистон (133). 12. Озарбойҷон (134). 13. Тоҷикистон (146). 14. Туркманистон (149). 15. Қирғизистон (159).

Дар садри феҳристи FIFA дастаи миллии Испания, қаҳрамони Аврупо-2008, қарор гирифтааст. Олмон дар ҷои дуввум ва Ҳуланд дар ҷои севум мебошанд. Итолиё, қаҳрамони феълии ҷаҳон, 4-ум аст. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Бразилия, Аргентина, Хорватия, Инглистон, Русия ва Туркия ҷойгир шудаанд.

Дар ин феҳрист даҳ тими беҳтарини Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) инҳоянд: Австралия (29), Ҷопон (34), Куриёи Ҷанубӣ (42), Эрон (46), Арабистони Саъудӣ (53), Узбакистон (69), Ироқ (85), Қатар (86), Баҳрайн (89) ва Уммон (94).

XS
SM
MD
LG