Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Иттиҳод-2009: «Регар» дар Маскав


Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 15-уми январ аз шаҳри Қазон ба Маскав омад.

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми Иттиҳод-2009 дар пойтахти Тотористон бо ҳайъати дуввуми «Рубин»-и Қазон дар толори сарпӯшида ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Бозии аввал бо натиҷаи 1:0 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Тӯбро Илдар Бикчантаев дар дақиқаи 58-ум вориди дарвозаи меҳмонон кард. Дар бозии дуввум голи ягонаи дар дақиқаи 88-ум ба самар расондаи Саид Эргашев ба «Регар» ТадАЗ пирӯзӣ овард.

Ҳабдаҳумин давраи Ҷоми Иттиҳод аз 17-ум то 25-уми январ дар маҷмаъаҳои варзишии «Олимпӣ» ва «Динамо»-и шаҳри Маскав бо ширкати 16 даста дар чаҳор гурӯҳ баргузор мешавад.

Дастаи «Регар» ТадАЗ, ки барои ҳаштумин бор Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи анъанавии байнулмилалӣ намояндагӣ хоҳад кард,
дар гурӯҳи «С» 17-уми январ бо «Левадия»-и Таллинни Эстония, 18-уми январ бо «Шериф»-и Тирасполи Молдова ва 20-уми январ бо «Шахтёр»-и Донетски Укроин қувваозмоӣ мекунад.

Инчунин ба гурӯҳи «А» «Рубин»-и Русия, «Арарат»-и Арманистон, «Оқтеппа»-и Қазоқистон, «Пахтакор»-и Узбакистон, ба гурӯҳи «В» «Ишқобод»-и Туркманистон, «МТЗ-РИПО»-и Беларус, «Экранас»-и Литва ва дастаи мунтахаби ҷавонони Русия, ба гурӯҳи «D» Интер»-и Озарбойҷон, «Вентспилс»-и Латвия, «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон ва «Интер»-и Финландия дохиланд.

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ, ки 21-уми январ доир мегардад, роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 23-юми январ баргузор мешаванд.

Барандаи Ҷоми Иттиҳод-2009 дар бозии ниҳоӣ рӯзи 25-уми январ муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG