Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҳафтаи сиёҳи расонаҳои хабарӣ"


Нашри як мақолаи танқидӣ рӯзноманигори қазоқ Рамазон Эсергеповро пушти панҷараи зиндон бурд

Нашри як мақолаи танқидӣ рӯзноманигори қазоқ Рамазон Эсергеповро пушти панҷараи зиндон бурд

Ахиран дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чаҳор хабарнигор, аз ҷумла хабарнигорони радиои Озодӣ мавриди ҳамла ва боздошт қарор гирифтанд.

Хабарнигорони ҷабрдида ин ҳодисаҳои иттифоқафтода дар муқобили худро ба фаъолияти касбии хабарнигориашон марбут медонанд. Дар ҳоле ки хабарнигори қазоқ боздошт шуда ва дар маҳбас қарор дорад, дар Тоҷикистон хабарнигори радиои Озодӣ мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифт. Мақомоти Туркманистон як хабарнигори бахши туркмании радиои Озодиро тақрибан дар ҳабси хонагӣ қарор дода ва журналисти дигарро мудом таҳдид мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ дар маҷмӯъ ин ҳодисаҳоро “Ҳафтаи сиёҳи воситаҳои ахбор” унвон карда, ба бадтар шудани вази озодии сухан дар Осиёи Марказӣ ишорат мекунанд.

Нашри як мақола дар рӯзномаи мустақил, ки фасодкории мансабдорони Қазоқистонро зери интиқоди шадид қарор дода буд, Рамазон Эсергеповро пушти панҷараи зиндон бурд. Сардабири ҳафтаномаи Алмаато Рамазон Эсергеповро кормандони мақомоти амниятии Қазоқистон ҳафтаи гузашта дар бемористон боздошт карда ва пинҳонӣ рабуданд. Ӯ дар бемористон аз маризии фишорбаландии хун ва дарди қалб табобат мегирифт. Эсергеповро хадамоти маниятӣ дар ифшои сирри давлатӣ муттаҳам медонанд. Хонуми журналист Равшан Эсергепова гуфтааст, шавҳараш завлона дар дастон дар маҳбаси инфиродӣ аст ва дар он ҷо даст ба гуруснанишӣ задааст.

Дар ҳоле ки Эсергепов пушти панҷараи зиндони инфиродӣ дар Қазоқистон нишаста мунтазири ҳукми додгоҳ аст, журналисти дигари Осиёи Марказӣ Усмон Ҳолиев, хабарнигори минтақавии бахши туркмании радиои Озодӣ гуфтааст, ки мақомоти Туркаманистон ӯро тақрибан дар ҳабси хонагӣ нигоҳ медоранд. Ҳолиев пас аз интиқоди интихоботи порлумонии моҳи декабри соли гузаштаи Туркманистон таҳти фишори мақомоти ҳукумати ин кишвар қарор гирифт. Чанде аз аъзои хонаводаи Ҳолиев, аз ҷумла писар ва келини ҳомиладораш аз ҷои кор ронда шуданд. Рақами телефони худи ӯ қатъ карда шуд.

Хабарнигори бахши туркмании радиои Озодӣ Усмон Ҳолиевро мақомоти Туркманистон дар ҳабси хонагӣ нигоҳ медоранд
Хабарнигори собиқадори бахши туркмании радиои Озодӣ, ки қаблан барои як моҳ зиндонӣ шуда буд, мегӯяд, ҳар қадами ӯ таҳти назорати ҳукуматдорон қарор дорад. Ҳолиев бар ин аст, ки ҳаёташ ғайриқобили таҳаммул шудааст ва ҳамеша таҳти фишори равонӣ қарор дорад.

То оғози фишорҳо бар сари Ҳолиев, хабарнигори дигари радиои Озодӣ дар Туркманистон Давлатмурод Язгулиев ва ҳамсарашро мақомоти ноҳияи Акҳол даъват карда ва мавриди пурсиш қарор дода буданд. Язгулиев мегӯяд, дар як кишвари таҳти инзивоъ, ки тақрибан расонаҳои мустақили хабарӣ фаъол нест ва озодии сухан вуҷуд надорад, гузоришҳои ӯ аз ин кишвар барои расонаҳои ғарбӣ метавонад барояш паёмади зиндонӣ шудан дошта бошад.

Туркманистон дар гузашта низ борҳо собит кардааст, ки ба пахши бе сензураи хабарҳо имкон намедиҳад, бар изофа дар мавриди ҳар навъ интиқоди ҳукумат ҳатто ҳоҷат ба сухан гуфтан нест. Дар соли 2006 Оғулсапар Муродова, хабарнигори дигари радиои Озодӣ, ки барои ҳамкорӣ бо расонаҳои ғарбӣ шаш сол ба ҳабс маҳкум шуда буд, дар яке аз зиндонҳои Туркманистон ба таври муаммобарангез фавтид. Ҳамчунин дар гузашта Сазак Дурдимуродов, гузоришгари дигари радиои Озодӣ аз сӯи мақомоти Туркамнистон боздошт ва ду ҳафта дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ нигаҳдорӣ шуда буд.

Дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки матбуоти мустақил то ҳадде нафаси озод мекашад, журналистон мавриди ҳадаф қарор мегиранд. Абдулмӯъмин Шерхонов, ки бо исми Мӯъмин Аҳмадӣ барои бахши тоҷикии радиои Озодӣ гузориш таҳия мекунад, ҳафтаи гузашта мавриди ҳамлаи ду нафар қарор гирифтааст, ки ки яке худро корманди мақомоти интизомӣ муаррифӣ кардааст.
Ҳамаи чаҳор журналисти Осиёи Марказӣ гуфтаанд, ки ба онҳо дар заминаи фаъолияти касбиашон ичунин ҳодисаҳо иттифоқ афтодааст. Ҳарчанд миёни ин ҳодисаҳо иртиботе ба назар намерасад, аммо ҳомиёни ҳуқуқи хабарнигорон тахмин мезананд, ки амалҳои ахир дар муқобили журналистон далели бадтар шудани озодии матбуот ва сухан дар Осиёи Марказист.

Ҳамкори бахши тоҷикии радиои Озодӣ дар шаҳри Кӯлоб Абдулмӯъмин Шерхонов ахиран аз сӯи афроди номаълум латтукуб шуд
Элза Видал, раҳбари бахши Аврупо ва кишварҳои собиқ Шӯравии Созмони хабарнингорони бидуни марз, мегӯяд, барои матбуоти Осиёи Марказӣ ин “ҳафтаи сиёҳ” буд ва он зарбаи шадиде ба озодии сухан дар ин минтақа задааст. Хонум Видал мегӯяд, Созмони хабарнигорони бидуни марз талош дорад, мушкили ҳамла ба озодии сухан дар Осиёи Марказиро ба таваҷҷӯҳи созмонҳои бонуфуз, монанд ба Иттиҳодияи Аврупо расонад. Гурӯҳи мудофеи ҳуқуқи расонаҳои хабарӣ борҳо ба иттиҳодияи Аврупо муроҷиат кардааст, то ба ҳукуматҳои осиёи марказӣ фишор биёранд, ки ба ҳуқуқу озодии сухан дар кишварҳояшон эҳтиром гузоранд.

Аммо бисёре аз хабарнигорони Осиёи марказӣ бовар надоранд, ки Ғарб дар ин мавриди иқдомеро рӯи даст бигирад. Онҳо дар чанд матлаб Иттиҳодияи Аврупоро барои чунин чашм пӯшидан ба нақзи ҳуқуқи инсон ва озодии сухан дар Осиёи Марказӣ, як минтақаи ғанӣ аз захоири бузурги энержӣ, шадидан интиқод кардаанд. Аммо онҳо мегӯянд, манофеи геополитикии Ғарб ва ниёзмандиҳо ба нафту газ онҳоро водор мекунанд, ки қабл аз интиқоди ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ барои мавқегириҳои шадид дар муқобили озодии матбуот, бояд ду бор андеша кунанд. Ва ба қавли онҳо чунин ба назар мерасад, ки инчунин бартарии худ ба Ғарбро ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ хеле амиқ дарк кардаанд.

XS
SM
MD
LG