Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди овозаи боздошти Юлдуз Усмонова


Продюссери Юлдуз Усмонова овозаҳо дар мавриди боздошт шудани сарояндаи маъруфи Узбакистонро рад кард.

Ахиран, чанд сомонаи интернетӣ хабар паҳн карданд, ки Юлдуз Усмонова рӯзи 10-уми январ дар пеши чашми садҳо нафар дар як маъракаи тӯй боздошт шудааст. Ба навиштаи сомонаҳо, дар авҷи сурудхонӣ сурудро қатъ кардаанд ва ба дастони Юлдуз Усмонова завлона баста, бурдаанд. Навишта шуда буд, ки сарояндаро барои кадом як мусоҳибааш бо кадом як расонаи хабарии хориҷӣ боздошт кардаанд.

Ва аммо Акмал Юлчибоев, продюссери Юлдуз Усмонова дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ ин ҳама овозаҳоро беасос хонд ва гуфт, феълан, сароянда дар Русия қарор дорад.

Ин бори нахуст нест, ки дар мавриди Юлдуз Усмонова чунин овозаҳо паҳн мешаванд. Дар оғози соли 2008, замоне ки Юлдуз ба Туркия бо як сафари корӣ барои сабти клип рафта буд, овоза пайдо шуда буд, ки ӯро ба тарки Узбакистон маҷбур кардаанд.

Вале дар соли 1998 як «ҷанҷоли сард»-е миёни Юлдуз Усмонова ва расонаҳои расмии Узбакистон рух дода буд. Шӯҳрат Бобоҷонов, хабарнигори бахши узбаки Радиои Озодӣ мегӯяд, он замон Юлдуз дар сӯҳбаташ бо ББС телевизиони давлатии Узбакистонро танқид карда буд ва баъдан аз сӯи расонаҳои давлатӣ «таҳрим» шуда буд. Сурудҳои ӯро дар радио ва ТВ пахш намекарданд ва ба ӯ иҷозаи баргузории консерт дода намешуд. Он замон ҳам овоза пайдо шуда буд, ки Юлдуз Узбакистонро тарк кардааст, вале хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, овоза беасос буд ва сароянда дар хонааш, дар Тошкант ба сар мебурд.

Юлдуз Усмонова 12-уми декабри соли 1963 дар шаҳри Марғелони водии Фарғона таваллуд шудааст ва бо забонҳои узбакӣ, туркиву форсӣ, тоторӣ, уйғурӣ, қазоқӣ ва русӣ сурудҳо иҷро кардааст.
XS
SM
MD
LG