Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб: 4 соат барқ дар як шабонарӯз


Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ворид карда шуд.

Мадуми шаҳри Кӯлоб ду рӯз боз аз рӯи реҷаи нав, яъне 4 соат дар як шабонарӯз, метавонанд аз нерӯи барқ истифода кунанд. Ин реҷаи маҳдуди интиқоли барқ ба шаҳр шаби 9-уми январ ҷорӣ гардид. Инро сармуҳандиси шабакаҳои барқии шаҳр Аҳмад Кишоварзов низ тасдиқ намуд: «Акнун барои истиқоматкунандагони шаҳр нерӯи барқ танҳо 4 соат, яъне аз соати 6 то 8-и саҳар ва аз соати 16 то 18, интиқол мегардад».

Ин ҳам дар ҳолест, ки то ин рӯз барои аҳолии шаҳр нерӯи барқ муттасил ва бидуни қатъшавӣ интиқол дода мешуд.

Ба бовари А. Кишоварзов, ин чораҳо ҷиҳати кам шудани ҳаҷми интиқоли барқ аз НБО-и «Сангтӯда-1» рӯи даст гирифта шудааст: «Агар қаблан шаҳри Кӯлоб аз «Сангтӯда-1» шабонарӯзӣ 60 МВт нерӯи барқ мегирифт, вале алҳол ин ҳаҷм то 33 МВт коҳиш ёфтааст».

Ба гуфтаи Аҳмад Кишоварзов, феълан НБО-и «Сангтӯда-1» шабонарӯзӣ 300 МВт нерӯи барқ истеҳсол мекунад, ки қисмати зиёди он тавассути пойгоҳи барқи «Лолазор», воқеъ дар ноҳияи Данғара, барои таъмини Корхонаи алюминиюми тоҷик, инчунин таъмини навоҳии тобеъи марказ бо барқ ба пойгоҳи «Регар» интиқол дода мешавад.
XS
SM
MD
LG