Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҳамлагарон ба хабарнигор


Ду нафар аз ҳамлагарон ба Абдулмӯъмин Шерхонов, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кӯлоб, боздошт шудаанд.

Ин ду нафар феълан дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта мешаванд ва аз ҷониби пулис бозпурсӣ мешаванд. Ҳамлагари саввум аз ҷониби пулиси шаҳри Кӯлоб ҷустуҷӯ мешавад. Пулис барои халал нарасонидан ба ҷараёни тафтишот феълан аз ироаи маълумот оид ба сабабҳои ҳамла ба хабарнигор худдорӣ мекунад.

Хабарнигори минтақавии радиои Озодӣ дар Кӯлоб Абдулмӯъмин Шерхонов шоми шашуми январ аз ҷониби се нафари барояш ношинос латукӯб шуд.

Абдулмӯъмин, ки ҳамзамон сардабирии ҳафтаномаи хусусии «Пажвок»-ро дар шаҳри Кӯлоб бар ӯҳда дорад, гуфт, ин ҳодиса дар наздикии дафтари ин ҳафтанома рух дод. Ҳангоме ки Абдулмуъмин дафтар меомадааст, дар нимароҳ се нафар ӯро боздоштаанд ва ба латукуби ӯ оғоз кардаанд. Ба ҳини латукӯб яке аз онҳо худро корманди милиса муаррифӣ намудааст.

Дар ин миён ду мошини ҳомили афроди ношинос онҳоро ҳалқа кардаанд ва сарнишинони ин мошинҳо низ ба дашному ҳақорати ӯ пардохтаанд. Танҳо пас аз мудохилаи сокинони маҳаллӣ ин афрод Абдулмуъминро раҳо карда, фирор намудаанд. Абдулмуъмин мегӯяд, шояд ин ҳодиса ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ ва нашри бархе аз матолиби интиқодӣ дар ҳафтаномаи «Пажвок» рабт дошта бошад.

Абдулмӯъмин Шерхонов аз соли 2007 ба ин тараф сардабирии ҳафтаномаи хусусии «Пажвок» дар шаҳри Кӯлобро бар уҳда дорад ва аз моҳи марти соли 2008 то кунун ба ҳайси хабарнигори минтақавии бахши тоҷикии радиои Озодӣ фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG