Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони хатлонӣ бозпас мегарданд


Мушкили обу барқ ва бепулӣ муҳоҷиронро водор ба бозгашт ба зодгоҳ кардааст

Мушкили обу барқ ва бепулӣ муҳоҷиронро водор ба бозгашт ба зодгоҳ кардааст

Бештари ҳазор хонаводае, ки аз Хатлон дар ду соли ахир ба ноҳияи Турсунзода кӯчонида шуда буданд, бозпас ба зодгоҳашон баргаштаанд.

Баҳриддин Ҷабборов, раиси Оҷонси ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон, бо таъйиди ин хабар гуфт, дар ҳоле давлат ба ҳар хонавода барои сохтмони манзил беш аз 8 садяк ҳектор замин ва 3000 сомонӣ кумакпулӣ додааст, муҳоҷиршудагон ин заминҳоро бесоҳиб партофта, тарк кардаанд. Оқои Ҷабборов ба сурати мисол гуфт, бо гузашти 2 сол аз замони муҳочират 800 хонавода аз ҳазор хонаводае, ки аз вилояти Хатлон ба ноҳияи наздисарҳадии Турсунзода куч дода шудаанд, ба макони қаблии худ баргаштаанд.

Субҳон Ашӯров, муовини вазири меҳнат ва ё кори Тоҷикистон, низ мегӯяд, хонаводаҳои камбизоати муҳоҷиршуда натавонистаанд, дар заминҳои назди сарҳади барои худ манзил бунёд кунанд ва маҷбур бозпас ба манзилҳои пешинаи худ баргаштаанд.

Аммо Саймудин Насриддинов, раиси раёсати шуғли аҳолии вилояти Хатлон, мегӯяд, иллати аслии бозгаши хонаводаҳо ба маконҳои қаблиашон ин адами оддитарин шароити зиндагӣ дар манотиқе, ки муҳочирони дохилӣ ба он ҷо куҷонида шудаанд, будааст. Оқои Садриддинов афзуд, дар ин манотиқ ҳатто оби нӯшокӣ масъалаи доғ аст. Вай гуфт, фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон дар таъмини манзил, оби ошомиданӣ, нерӯи барқ ва шароити зист барои муҳоҷирони дохилӣ ҳамоҳанг нест.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, акнун аз хонаводаҳои бозпасгашта заминҳо ва маблағи пардохташударо бозпас мегирад ва талош мекунад, хонаводаҳои дороро барои кӯчидан ба манотиқи наздисарҳадӣ ҷалб кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG