Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши интиқоли пули мардикорон


Бино бар иттилоъи бахши хоруғии Бонки миллии Тоҷикиситон, тайи моҳҳои ахир интиқоли пулҳои муҳоҷирони корӣ тавассути бонкҳои тиҷоратӣ ба минтақа ба андозаи 48 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи сардори шўъбаи назорати бонкӣ Зафар Бахшиев, раванди коҳиши ҳаволапулиҳо зери таъсири бўҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба фаъолияти муҳоҷирони корӣ ба амал омадааст. Вай баён дошт, ки авҷи интиқоли пул ба моҳҳои то сентябр рост омада, аз он ба баъд рў ба поинравӣ ниҳодааст. Гуфта мешавад, ки агар қаблан ҳар моҳ ба бонкҳо то се миллион доллар ҳаволапулиҳо аз муҳоҷирон ворид мешуданд, моҳи ахири сол воридоти маблағ қариб ду маротиба коҳиш ёфта , ҳамагӣ як миллиону 600 ҳазор долларро ташкил додааст.

Бино бар иттилоъи расмӣ, зида аз 24 ҳазор сокинони вилояти Бадахшон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, барои хонаводаҳои зиёд дар минтақа ҳаволапулии муҳоҷирон манбаъи асосии даромад боқӣ мемонад. Дар ҳамин ҳол бархе аз сокинон изҳори нигаронӣ намуданд, ки бар асари таъсири бўҳрон ба иқтисоди Русия тайи чанд моҳи ахир пардохти музди кор ба фарзандони дар муҳоҷират будаашон ба таъхир афтодааст.

Парӣ Гуломҳайдарова, як сокини шаҳри Хоруғ, гуфт, ки одатан бародараш барои хонаводаашон тез-тез кўмак менамуд, аммо ин даъфа онҳо ҳатто дар соли нави мелодӣ аз вай чизеро интизор надоштанд. Вай гуфт, изтироби мо фақат ин буд, ки худаш бе пул намонад, идро хуб гузаронад.

Дар маҷмўъ муҳоҷирони корӣ тайи соли 2008 ба Бадахшон ба андозаи 34 миллион доллари амрикоӣ пул ворид намуданд. Ин рақам назар ба бўҷаи солонаи вилоят дар ин давра ду маротиба зиёдтар будааст. Ба гуфтаи сардори шўъбаи бахши хоруғии Бонки миллӣ, ба коҳиш ёфтани ҳаволапулиҳои муҳоҷирон дар моҳҳои ахир нигоҳ накарда, ҳаҷми воридоти пул дар қиёс бо солҳои қаблӣ бесобиқа будааст. Ҳаштод дарсади воридоти пул бо доллар ва боқимонда бо евро ва рубл сурат гирифтааст. Дар ҳамин ҳол навад дарсади маболиғи интиқолӣ аз Русия кор карда шудааст.

XS
SM
MD
LG