Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талошҳои Аврупо ба оташбас дар Ховари Миёна


Бомбборони Фаластин аз сӯи ҷангандаҳои Исроил идома дорад

Бомбборони Фаластин аз сӯи ҷангандаҳои Исроил идома дорад

Як ҳайъати расмии Иттиҳодияи Аврупо барои ҷустуҷӯи роҳи оташбас дар Ғазза ба Ховари Миёна сафар кард.

Сарвари ин ҳайат вазири хориҷаи Ҷумҳурии Чех Карел Шварзенберг пеш аз парвоз ба Ховари Миёна авзоъ дар минтақаро ниҳоят муташанниҷ арзёбӣ намуда, гуфт, ки ҳайат кӯшиш хоҳад кард, ки барои беҳбуди авзоъ гомҳои зарурӣ бардошта шавад. Аммо, гуфт вай, хуб медонад, ки маъмурияташон мушкил хоҳад буд.

Дар ин сафар вазири чехро комиссари Иттиҳодияи Аврупо дар умури равобити хориҷӣ Беннито Ферреро Валднер ва вазирони хориҷаи Шведсия Карл Бил ва Фаронса Бернард Кушнер ҳамроҳӣ мекунанд. Дар Қоҳира ба ҳайъат сиёсатгузори умури хориҷии Иттиҳодия Ҳавиер Солана ҳамроҳ хоҳад шуд.

Хонум Ферреро Валднер, комиссари Иттиҳодияи Аврупо дар умури равобити хориҷӣ, ба хабарнигорон гуфт, вазъи Борикаи Ғазза ва ба вижа вазъи башарӣ моро сахт нигарон кардааст ва ба ҳамин хотир бидуни шубҳа зарур аст, ки ба хушунат хотима дода шавад.

Вазири хориҷаи Фаронса Кушнер фикри ҳамсонро изҳор намуда, гуфт, албатта, партоби мушакҳо ба сӯи Исроил як иқдоми таҳрикдиҳанда аст, аммо бидуни шубҳа вокуниши Исроил бисёр сангин ва беш аз ҳад буд ва ҳоло мо бо вазъи хеле нигаронкунанда рӯбарӯ шудаем.

Зимни сафараш ҳайати Иттиҳодияи Аврупо аз Байтулмуқаддас, Ромуллоҳ ва Уммон боздид хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки интизор меравад, раисҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ зимни як сафари ҷудогона барои кӯшиши фишор ба Исроилу Ҳамос барои созиши оташбас имрӯз ба Ховари Миёна парвоз кунад.

XS
SM
MD
LG