Пайвандҳои дастрасӣ

Бештари коршиносон ва сиёсатмадорон бо таваҷҷӯҳ ба омодагиҳо ба интихоботи порлумонии соли 2010 мегӯянд, ки фазои сиёсии Тоҷикистон дар соли 2009 гармтар хоҳад шуд.

Раҷаби Мирзо, раиси созмони душанбегии Ҳизби демократи ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, интизор дорад, ки дар соли оянда назар ба ҷонибдорони аҳзоби сиёсӣ онҳое, ки хидмати қасри раисиҷумҳурро адо мекунанд, бедортар ва серталаб мешаванд: “Фикр мекунам, соли 2009 барои Тоҷикистон зиёдтар аз соли 2008 мушкил хоҳад омад. Гап сари ин аст, ки дар соли 2008 аз мухолифони сиёсии Раҳмон дида, гурӯҳҳои дохилиқасрии ӯ зиёдтар фаъол буданд. Ва аз худ интригаҳоеро нишон доданд. Соли 2009, ки як сол то интихоботи порлумонӣ боқӣ мемонад, ин интригаҳо зиёдтар мешаванд ва таъсири онҳо ба фаъолшавии сиёсиҳои Тоҷикистон низ мерасад”.

Ҳарчанд Давлаталӣ Давлатзода, муовини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ, бозиҳои сиёсии дохилиқасрии Раҳмонро сарфи назар мекунад, аммо мегӯяд, ки ҳизбаш дар соли 2009 барои рақобат бо аҳзоби сиёсии кишвар дар корзори интихоботи порлумонӣ омодагӣ мегирад: “Ҳизби халқӣ-демократӣ дар соли 2008 ислоҳоти куллиро шурӯъ намуд ва дар ин сол низ барои устувор кардани мавқеъи худ ба иҷро расонидем ва ин ислоҳот то нимаи авали соли 2009 идома мекунад. Мо дар ин сол ҳизбро барои рақобат дар интихоботи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ омода созем”.

Ҳамин тавр, коршиносон омодагиҳои аҳзоб ва рақобати онҳо барои дарёфти курсӣ дар Маҷлиси Намояндагонро аз муҳимтарин ҳаводиси сиёсии соли оянда унвон мекунанд. Раҷаби Мирзо ҳам мегӯяд, ки ин интихобот назар ба интихоботҳои қаблии порлумонӣ хеле башиддат ва ҳам натанҳо бо рақобати миёни аҳзоби сиёсӣ мегузарад: “Қаблан дар назар доштам, ки интихоботи соли 2010 мисли интихоботҳои каблӣ мегузарад, аммо ҳоло ҳадс мезанам, ки ин интихобот хеле шадид мегузарад. Шиддати ин интихобот на аз фаъол шудани аҳзоби сиёсӣ, балки аз шиддат ёфтани норозиҳое, ки дар дохили ҳукумат ҳастанд, сарчашма мегирад. Яъне ҳукумати Точикистон онҳоеро ҳам қонеъ намесозад, ки джар дохили ҳукумат ҳастанд”.

Вале Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба сӯйи тӯдаи мушкилоти дигар ишора мекунад. Вай мегӯяд, ки дар соли 2009 бояд мушкили барқу газ ҳам роҳҳали худро пайдо кунад ва ҳукумат ҳам рисолаташро дарк кунад: “Таъмини барқу обу газ ва оромии ҷамъият вобастагӣ аб ҳукумат дорад. Ва билохира ҳукумат ҳам дарк мекунад, ки рисолати аслияш хидмат кардан ба мардум ва бояд ин рисолатро анҷом диҳад”.

Ба ин маънӣ, Давлаталӣ Давлатзода, муовини раиси ҳизби халқӣ-демократӣ, мегӯяд, дар соли оянда ҳукумат нерӯи худро ҳарчи бештар ба иҷрои тарҳҳои энержӣ, аз ҷумла сохтмони Роғун, ба харҷ хоҳад дод: “Дар ин сол бунёд гузоштан ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ обиие, ки барои пешрафти иқтисоди Тоҷикистон саҳм доранд, дар назар аст. Бунёди нерӯгоҳи Роғун низ аз ин қатор истисно нахоҳад буд, ки ҳизби мо сарпарасти сохтмони ин нерӯгоҳ шудааст”.

Ин дар ҳолест, ки бештари коршиносон дарёфти сармоягузори собит барои идомаи сохтмони неругоҳи Роғунро дар соли 2009 баъид медонанд ва мегӯянд, ки он боз то чанд соли дигар як қартаи нокушуда барои Русия боқӣ мемонад. Раҷаби Мирзо, раиси созмони душанбегии Ҳизби демократ ба ин бовар аст, ки мавзӯъи Роғун беш аз он ки як мушкили энержӣ ва иқтисодӣ бошад, ба як мушкили пургиреҳи сиёсӣ табдил шудааст: “Шояд ҳукумат як иқдомҳое мекунад ва шояд ки як қадар маблағро барои Роғун сарф месозад, вале фарзия карда наметавонам, ки як сармоягузори собит пайдо мекунаду амалан сохтмон ба таври бисёр фаъол оғоз мешавад”.

Аммо Давлати Усмон аз таҳлилгарони тоҷик ба идомаи бӯҳрони молӣ дар соли 2009 ишора мекунад, ки аз ҳоло бисёриҳоро нигарон кардааст. Вай мегӯяд, зарур аст, ки ҳукумат дар ин маврид бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир накунад ва барои таҳаммули ин бӯҳрон аз чораҳои зарурӣ кор гирад.

Бо ин ҳама коршиносон мегӯянд, умед аст, ки дар соли оянда давлати Тоҷикистон сармоягузори сохтмони Роғунро пайдо ва ҷойҳои кории холӣ эҷод мекуанд, мушкили кӯҳнаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро баррасӣ ва барои рушди соҳибкорӣ таваҷҷӯҳ зоҳир месозад ва ахиран бо Тошканди ҳамсояаш низ забон меёбад.

Вале барои ин ҳама, ба гуфтаи онҳо даҳону дандон зарур аст.
Бо иштиҳои хуш!

XS
SM
MD
LG