Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза Душанберо такон дод


Субҳи имрӯз, 29-уми декабр, соати 08:37 шаҳри Душанберо заминларза бо шиддати 3-4 дараҷа такон дод.

Ба иттилоъи Маркази заминларзанигории Тоҷикистон, маркази ларзиши замин дар шимоли Афғонистон буда, пажвоки он ба манотиқи ҷанубии Тоҷикистон ва то ба шаҳри Душанбе расидааст. Дар шимоли Афғонистон шиддаи ларзиш 5 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.

Ҳамзамон дар бораи зарар ва хисороти заминларза хабаре нарасидааст. Ситоди ҳолатҳои фавқуъоддаи Тоҷикистон низ айни ҳол дар ин маврид иттилоъе надоштааст.
XS
SM
MD
LG