Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаҳои ҳавоии нируҳои Исроил бар зидди гуруҳи тундрави исломии Ҳамос дар Борикаи Ғаззаи Фаластин вориди севвумин рузи худ шуд.

Ҳавопаймоҳои Исроил дар Ғазза донишгоҳи исломӣ ва қароргоҳи шаҳрдории Ғаззаро, ки ситоди Ҳамос ба шумор меравад, бомбборон карданд. Дар ин ҳамлаҳо аз рузи шанбе ба ин су 298 фаластинӣ кушта шудаанд. Рузи якшанбе Исроил 6 ҳазор нафар афроди қобили хидматро, ки захира ё резервист дониста мешуданд, ба аскарӣ ҷалб кард.

Эҳуд Борак-вазири дифоъи Исроил гуфт, агар ҳамлаҳои мушакӣ аз хоки Фаластин хотима наёбад, амалиёти заминиро оғоз хоҳад кард.

СММ ва Иттиҳодияи Аврупо даъват кардаанд, ки ба ин хушунатҳо хотима дода шавад. Имруз мошинҳои ҳомили кумак ба Навори Ғазза иҷоза дода мешаванд.
XS
SM
MD
LG