Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Британия пахши паёми телевизионии президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бахшида ба иди Милоди Масеҳро маҳкум кард.

Вазорати корҳои хориҷии Британия мегӯяд, ин тасмими канали 4-уми кишварро зери фишори байналмилалӣ қарор медиҳад. Канали 4-уми телевизиони Британия паёми президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро ба забони форсӣ пахш намуда, дар бахши поёни навор тарҷумаи англисии онро ҷой дода буд.

Раисҷумҳури Эрон бинандагонро бо фарорасии иди Милоди Масеҳ табрик намуда, гуфт, ки ҳазрати Масеҳ намунаи адолатхоҳӣ, меҳру муҳаббат ва мубориза бар зидди зулму истибдод аст: "Имрӯз агар ҳазрати Масеҳ буд, бидуни тардид парчами адолат ва ишқи инсонҳоро дар баробари ҷангталабону ишғолгарону террористҳову зӯргӯёни олам баланд мекард.... "

Созмонҳои яҳудии Британия ва сафири Исроил дар Лондон бо ишора ба хусумати Аҳмадинажод ба Исроил, поймолшавии ҳуқуқи башар дар Ҷумҳурии исломӣ ва айбномаҳои пуштибонии терроризм аз тарафи Эрон пахши паёми президенти Эронро мавриди интиқод қарор доданд.
XS
SM
MD
LG