Пайвандҳои дастрасӣ

Мораторияи соҳибкорон иҷро намешавад


Дар ҳоле ки бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои бозрасии фаъолияти бахши хусусӣ ба муддати 2 сол моратория эълом шудааст, бархе созмонҳои марбут ба соҳибкорӣ мегӯянд, баъзе намояндагони мақомоти зидахли Тоҷикистон боз ҳам фаъолияти соҳибкоронро мавриди тафтиш қарор медиҳанд.

Созмонҳои марбут ба соҳибкории Тоҷикистон, мисли Анҷумани миллии соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон ва Маркази дастгирии соҳибкорони шаҳри Душанбе аз риоя нашудани фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар хусуси моратория аз сӯи бархе намояндагони ниҳодҳои зиддахли Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Матлуба Ӯлҷабоева, раиси Анҷумани миллии соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон мегӯяд, мувофиқи фармони вижаи раисҷумҳур фаъолияти соҳибкорон бояд аз сӯи мақомоти молиёту тафтишот таи 2 сол бозрасӣ намешуд, вале ин фармон аз сӯи бархе намояндагони ниҳодҳои давлати Тоҷикистон иҷро намешавад. Ӯ гуфт, «нозирони андоз ба назди соҳибкорон мераванду бар изофаи молиёт 200-250 сомонӣ пул мегиранд. Ин магар маратория ё ба таълиқ даровардани бозрасии фаъолияти соҳибкорон аст? Маратория барои он аст, ки соҳибкорон ба кори худ машғул шаванду вақташонро барои тафтишот беҳуда сарф накунанд.»

Миралӣ Қодиров, масъули Маркази дастгирии соҳибкорони шаҳри Душанбе мегӯяд, натиҷаҳои як пурсише ки ин марказ миёни соҳибкорон анҷом додааст, ҳокӣ аз онанд, ки фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар хусуси моратория барои бархе аз масъулони ниҳодҳои бозрасонии фаъолияти соҳибкорӣ бидуни аҳамият шудааст. Ба гуфтаи оқои Қодиров, бархе аз намояндагони ин ниҳодҳо ҳатто ба соҳибкорон гуфтаанд, ки ин фармон ба онҳо дахл надорад.

Алиҷони Исмоилзод, соҳибкори тоҷик мегӯяд, ниҳодҳои молиётӣ, баъд аз эъломи моратория ё ба таълиқ даровардани бозрасии фаъолияти соҳибкорон низ фаъолияти ӯро бозрасӣ кардаанд

Қаблан, бозрасиҳои зиёди фаъолияти соҳибкорон ва ширкатҳои хусусӣ дар Тоҷикистон, боиси норозигии тоҷирон ва соҳибкорони тоҷик шуда буд ва бозаргонони тоҷик ҳангоми мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон аз бозрасиҳои зиёди фаъолияти молии бахши хусусӣ шикоят карда, гуфта буданд, ки тафтишҳои пайдарпаи мақомот ба пешрафти фаъолияти онҳо монеъа шудааст. Соҳибкорон мегӯянд, раисҷумҳури Тоҷикистон дар посух ба шикояти онҳо ба хотири рушди бахши хусусӣ ва фароҳам сохтани фазои мусоид барои ҷалби сармоя бозрасӣ ва тафтиши фаъолияти соҳибкорон ва ширкатҳои хусусиро барои ниҳодҳои молиётӣ, интизомӣ, додситонӣ ва амниятӣ манъ кардааст. Бар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар хусуси моратория, ин ниҳодҳо давоми 2 сол ҳаққи бозрасии фаъолияти бахши хусусии ин кишварро надоранд.

Ба қавли Матлуба Ӯлҷабоева, аксари супоришҳои сарвари давлат, ки дар мулоқоташ бо соҳибкорон дар моҳи январи соли ҷорӣ дар мавриди пуштибонии ниҳодҳои давлатӣ аз тоҷирону соҳибкорон ва рафъи мавонеъ дар роҳи рушди ин бахш додааст, аз сӯи мақомот иҷро намешаванд. Хонуми Ӯлҷабоева ба сурати мисол гуфт, ҳарчанд раисҷумҳури Тоҷикистон ба мақомоти масъул супориш додааст, ки андозбандии соҳибкорон сабук карда шавад, вале баръакс тарзи андозбандӣ мушкилтар шудааст. Ба гуфтаи ӯ, мақомот дар як сол аз хурдтарин ширкат ҳам 12 маротиба ҳисобот талаб мекунанд, ки ин ҳисоботҳо ба он боис шудааст, ки соҳибкорон намедонанд, кор кунанд ё тамоми сол ба супоридани ҳисобот машғул шаванд.

Иҷроиши супоришҳои раисҷумҳури Тоҷикистон ба зимаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гузошта шудааст. Амонулло Ашӯров, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, куллия супоришҳои раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар мулоқоташ бо соҳибкорон ба масъулин додааст, бар тибқи як барномаи вижа давра ба давра амалӣ мешаванд. Ба гуфтаи оқои Ашӯров, ин барнома зери назорати комили Вазорати рушди иқтисод ва савдо қарор дорад.

Тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар хусуси мораторияи бозрасии фаъолияти соҳибкорӣ, танҳо ширкатҳое, ки дар робита ба фаъолиятҳои ғайриқонунии онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз гардидааст, мавриди бозрасӣ қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG