Пайвандҳои дастрасӣ

Зарурати бунёди марказҳои омодагии олимпӣ дар Тоҷикистон


Ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ - дар Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекин бузургтарин дастоварди варзишгарони тоҷик дар соли 2008 маҳсуб мешавад.

Ин нукта дар маърӯзаи ҳисоботии раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳруллоҳ Раҷабалиев дар ассамблеяи кулли ин кумита, ки 23-юми декабр дар шаҳри Душанбе доир гардид, таъкид шуд.

Оқои Раҷабалиев афзуд: «Дастаи мунтахаби олимпии кишвар барои нахустин бор дар Бозиҳои олимпӣ бо шумули 15 нафар дар 8 ришта ҳунарнамоӣ карда, бо касби ду медал дар ҳисоби умумидастаӣ байни 205 кишвари ҷаҳон дар ҷои 65-ум қарор гирифт. Паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев дар сабқати гуштии дзюдо дар вазни то 73 кг соҳиби медали биринҷии Олимпиадаи Пекин гардид. Бояд тазаккур дод, дар таърихи варзиши тоҷик ин аввалин медали олимпист, ки намояндаи Тоҷикистон дар ҳайъати тими миллии кишвар ба даст овардааст. Медали дуввуми Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Пекин паҳлавони маъруф Юсуф Абдусаломов ба даст овард. Вай дар сабқати гуштии озод дар вазни то 84 кг бо медали нуқра мукофотонида шуд.»

Баҳруллоҳ Раҷабалиев, раҳбари Кумитаи олимпии кишвар, ба радиои Озодӣ гуфт, вале дар Олимпиадаи Пекин намояндагони риштаҳои камонварӣ, тирандозӣ, вазнабардорӣ ва шиноварӣ натиҷаҳои хуб ба даст наоварданд.

Аъзои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кори раёсати кумитаро дар тӯли ду соли ахир қаноатбахш ҳисобиданд.

Вале ба назари коршиносону мутахассисони соҳа барои баландшавии маҳорати варзишгарон ва ширкати бомуваффақияти онҳо дар мусобиқоти байнулмилалӣ бунёди марказҳои омодагии олимпӣ дар кишвар зарур аст.
XS
SM
MD
LG