Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздоштҳо дар Музаффаробод ба хотири Мумбай


Мақомоти Покистон расман таъйид карданд, ки тарҳрези эҳтимолии ҳамлаи террористии охирҳои моҳи гузашта ба шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дар як амалиёти нерӯҳои покистонӣ боздошт шудааст.

Хабаргузориҳо бо нашри ин иттилоъ афзудаанд, ки амалиёт дар як қароргоҳи гурӯҳи “Лашкари Тайиба” дар канори шаҳри Музаффаробод, маркази вилояти Кашмири таҳти назорати Покистон доир гардид ва дар ҷараёни он дасти кам чаҳор нафар боздошт шудаанд. Мансабдорони амниятии Покистон гуфтаанд, ки миёни боздоштшудагон Закиурраҳмон Лаҳвӣ, тарҳрези эҳтимолии ҳамлаи террористӣ ба шаҳри Мумбай низ ҳаст – ҳамлае, ки ба ду меҳмонсарои бузург, истгоҳи роҳи оҳан, тарабхона, бемористон ва Маркази яҳудиён дар ин шаҳри бузурги Ҳиндустон тақрибан ду ҳафта пеш сурат гирифт ва бар асари он дасти кам 171 нафар ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти Ҳиндустон мегӯянд, ягона узви боздоштшудаи гурӯҳи террористӣ Аъзам Амир Қасоб иқрор кардааст, ки Закиурраҳмон Лаҳвӣ ва Юсуф Музаммил, раҳбарони гурӯҳи “Лашкари Тайиба” ба онҳо барои ҳамла ба шаҳри Мумбай аз тариқи телефон амр додаанд.

Баъд аз ошкор шудани ҷузъиёти ҳамла, аз ҷумла, далели аз қаламрави Покистон ба Мумбай ворид шудани гурӯҳи тундрав Исломобод таҳти фишори Ҳиндустон ва ИМА қарор гирифт. Деҳлӣ ва Вошингтон аз Покистон талаб карданд то алайҳи гурӯҳи тундраве, ки ба Мумбай ҳамла анҷом додааст, аз иқдоми қатъӣ ва оҷил кор бигирад. Дар ҳамин ҳол, коршиноси покистонӣ Аҳмад Рашид дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, раҳбари гурӯҳ Ҳафиз Сайид, ки ҳоло ба як созмони хайрия сарварӣ мекардааст, сиҳату саломат дар Лоҳур зиндагӣ мекунад.

Ақидаи маъмул аст, ки “Лашкари Тайиба” солҳои 80-уми қарни гузашта аз сӯи хадамоти кашфи Покистон ба хотири мубориза барои қисмати ҳиндустонии Кашмир таъсис шуда буд. Мусаллаҳон мегӯянд, қароргоҳе, ки он ҷо нерӯҳои амниятии Покистон амалиёт доир карданд, воқеъан ҳам то соли 2004-ум аз сӯи гурӯҳи “Лашкари Тайиба” барои тамрини ихтиёриёни навхат ва омода кардани онҳо ба мубориза дар бахши ҳиндустонии Кашмир истифода мешуд. Ва аммо тайи чаҳор соли ахир ин қароргоҳ ба ихтиёри созмони хайрияи исломии “Ҷамоати Даво” вогузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG