Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси Роғун дар нишасти САҲА


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ҳангоми муаррифии тарҳи нави пешгирӣ аз муноқишаҳо дар нишасти Ҳелсинкӣ, 5 декабри соли 2008.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ҳангоми муаррифии тарҳи нави пешгирӣ аз муноқишаҳо дар нишасти Ҳелсинкӣ, 5 декабри соли 2008.

Намояндагони Тоҷикистон ва Узбакистон дар машварати вазирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Ҳелсинки бори дигар аз тарҳи бунёди Роғун ҳарф заданд.

Дар ҳоле ки ҳадаф аз ҷаласаи вазирони кишварҳои САҲА муайян кардани муносибати кишварҳои узв ба тарҳи пешниҳодии Русия -- аҳдномаи нави амниятӣ буд ва бархе аз вакилон ба пуштибонии он садо баланд карда, бархи дигар, баракс, зарурати чунин санадро рад менамуданд, фиристодагони ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбакистон ба ин тарҳ ишорае надоштанд ва аз дардҳои худ гуфтанд. Ихтилофот дар бобати шеваҳои истифода аз захираҳои оби минтақа, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хушксол ва сармоҳои зимистон. Ҳарду нотиқ тақрибан ба андозаи баробар аз фоҷиаи баҳри Арал ёд карданд, ки хушк шудани он боиси фалокати зистмуҳитӣ дар минтақа шудааст.

Аммо Арал дар гуфтори ду тараф маъниҳои тазодомез дошт.

Намояндаи Тоҷикистон Нуриддин Шамсов, сафири кишвар дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки аз номи вазири умури хориҷии Тоҷикистон сӯҳбат мекард, фалокати Аралро натиҷаи сӯистифодаи сиюпанҷсола аз захираҳои оби минтақа номид. Ҷаноби Шамсов мегӯяд, "исрофи об, сиёсати ҳадношиноси обшоргардонӣ ва афзоиши шитобзадаи кишти пахта сабаб шуданд, ки нӯҳ баробар бештар об дар минатақ сарф шуда, дар натиҷа Арал хушк шавад. Акнун иттиҳомоти он ки бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба маҳви Арал ва фоҷиаҳои нави экологӣ сабаб мешавад, гумроҳ кардани ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва хаспӯш кардани ҷиноятҳои экологиест, ки дар нимаи дувуми садаи бист дар Осиёи Марказӣ содир шуда, бадбахтона, баёнгари ҳамин сиёсат дар оянда мебошад."

Нуриддин Шамсов, сафири кишвар дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо зиёни бодҳои бархоста аз Аралро ба пиряхҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон сабаби камбуди оби минтақа номид ва тақозо кард, кишварҳои поёноб барои ба вуҷуд овардани чунин вазъи бади экологӣ бояд товон диҳанд.

Иттифоқан масъалаи товон дар суханронии вазири корҳои хориҷии Узбакистон Владимир Норов низ садо дод, аммо дар паҳлуи чанд ишораи рушани ӯ ба ангезаи низоъ шудани мушкилоти об ва муҳити зист, ҷубронпулӣ дар ин нутқ дарди бахайр буда метавонад.

Ҷаноби Норов ояндаи вазъи иҷтимоӣ ва суботи сиёсии кишварҳои минтақаро ба оби минтақа бастагӣ дод. Вай ба таври махсус тарҳи бунёди нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистонро зикр кард ва афзуд, ба ғайр аз таҳдиди он ба коҳиши об, эҳтимоли заминларзаи тахрибкунандаи сарбанд ба марги муфоҷои садҳо ҳазор нафар сабаб шуда метавонад. Вазири корҳои хориҷии Узбакистон бори дигар хостори таҳқиқи мустақили байнулмилалии тарҳи чунин нерӯгоҳҳо шуд ва афзуд: "Дар ин ҳол бояд ду шарти бениҳоят муҳим тазмин дода шавад. Якум, набояд ба коҳиши сатҳи об барои кишварҳои поёноб роҳ дода шавад. Дувум, набояд амнияти экологии бе ин ҳам бисёр ноустувори минтақа халалдор гардад."

Владимир Норов, вазири корҳои хориҷии Узбакистон, гуфт, кишвараш мӯътақид аст, ки иҷрои ин талабҳо на танҳо барои кишварҳои минтақа, балки барои ширкатҳои фаромиллӣ ва ниҳодҳои молии байнулмилалӣ низ ҳатмӣ мебошад.

Дар пайванд ба рӯзномаи нишасти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Ҳелсинки -- пешгирӣ аз низоъҳо ва таъмини амният -- ин баҳси Тоҷикистону Узбакистон нигаронкунанда унвон мешавад.
XS
SM
MD
LG