Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизҳо марзи Тоҷикистонро убур нахоҳанд кард


Боздиди Қ. Боқиев аз вилояти Ботканд
Боздиди Қ. Боқиев аз вилояти Ботканд

Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистон, зимни боздид аз вилояти Ботканд гуфт, дар ояндаи наздик сокинони як қатор рустоҳои ин вилоят бидуни убури марзи Тоҷикистон ва Узбакистон равуо хоҳанд кард.

Ба қавли ӯ, масъалаи роҳ дар ин авохир ба яке аз масъалаҳои умда табдил ёфтааст, ки ҳалли он имкониятҳои мардуми кишварашро дар мавриди равуо хеле сода мекунад.

Дар ҳамин ҳол, меафзояд Қ. Боқиев, бо кумаки донорҳои байнулмилалӣ дар ин вилоят сохтмони роҳе дар ҷараён аст, ки баъди анҷоми он сокинони чанд рустои ин вилоят қаламрави ноҳияи Исфараи Тоҷикистонро убур нахоҳанд кард.

Соли 2009 сохтмони роҳи Исфана-Ӯш шурӯъ мегардад, хабар дод раисҷумҳури Қирғизистон ва афзуд, Бонки аврупоии эҳё ва рушд ва Бонки ҷаҳонӣ барои ин лоиҳа дар маҷмӯъ 55 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додаанд.

Қурмонбек Боқиев ба масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи миёни кишвараш бо соири кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Тоҷикистон, низ таваққуф кард. Ӯ гуфт, ки ин мавзӯъро бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо матраҳ намудааст, ҳарчанд корҳои таъйин ва аломатгузории марзи миёни Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳанӯз ба анҷом нарасидааст.

Чанд рӯз пеш дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар Ботканд ин масъаларо баррасӣ карданд. Ба таъйиди Қ. Боқиев, дар ҳоли ҳозир ҷониби қирғиз мунтазири вокуниши ҷониби Тоҷикистон аст, то таъйин ва аломатгузории марзи миёни ду кишвар ҳар чи зудтар хотима ёбад.

Шаҳрвандони Қирғизистон зимни равуо аз як манзил ба манзили дигар марзи Тоҷикистон ва Узбакистонро убур мекунанд. Гуфта мешавад, маҳз ба ҳамин далел мақомоти Қирғизистон талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд, ки мардуми кишварашон аз ин вобастагӣ раҳоӣ ёбад.

Коршиносон бар инанд, ки аз нигоҳи тавлиди энержии барқ низ Қирғизистон кӯшиш мекунад мустақилият ба даст оварад ва ниёзҳои мардуми кишварашро бе кумаки ҳамсояҳои худ бароварда созад.
XS
SM
MD
LG