Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси мақоми ҳуқуқии нерӯҳои Амрико дар Ироқ


Порлумони Ироқ имрӯз қарор аст, ба санади таъинкунандаи мӯҳлат ва заминаҳои ҳуқуқии ҳузури ҳарбии Амрико дар Ироқ раъй диҳад.

Ҳанӯз дирӯз мебоист, раъйи вакилони порлумони Ироқ рӯшан мешуд, аммо пас аз як баҳси кӯтоҳ, вакилони маҷлис овоздиҳиро ба имрӯз гузоштанд.
Сухангӯи порлумони Ироқ Маҳмуд Ал-Машҳадонӣ дирӯз гуфт, "ҳолу ҳавои умумӣ баёнгари пуштибонӣ аз қарордод аст. Танҳо як нукта боқӣ мондааст, ки бояд баррасӣ шавад ва барои ин фурсати бештар зарур аст. Барои ин ҷаласа то соати даҳи субҳи рӯзи панҷшанбе мавқуф гузошта шуд."

Аммо хабаргузориҳо мегӯянд, дар ин байн пешниҳодҳои наве ба миён омад ва маълум нест, имрӯз оё порлумони Ироқ ин масъаларо ҳал хоҳад кард ё не.

Як пешниҳоди асосӣ ин аст, ки масъалаи мӯҳлати ҳузури нерӯҳои Амрико дар Ироқ ва мақоми ҳуқуқии онҳо бояд на дар порлумон, балки дар як референдум ё назархоҳии умумӣ ҳал шавад. Ин пешниҳод аз тарафи музокиракунандаи аршади Ироқ ва мушовири амнияти миллии ин кишвар Мувофиқ Ал-Рубоӣ ба миён гузошта шуд.

Коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ин як талошест барои боз ҳам камтар кардани мӯҳлати ҳузури ҳарбии Амрико дар Ироқ.

Узви дигари порлумон, намояндаи эътилофи ҳокими шиъаҳо Ризо Ҷавод Тақӣ гуфтааст, масъала ба ҳамаи миллати Ироқ дахл дорад ва бояд дар рефрендум ҳал шавад ва агар мардум онро рад кард, бояд аз нав гуфтушунид сурат гирифта, ба матн тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.

Дар ҳоле ки мушовири амнияти миллии Ироқ, Мувофиқ Ал-Рубоӣ гуфтааст, рӯзи назархоҳии умумӣ низ пешниҳод шуда ва он 30-юми июли соли оянда аст, вазири умури хориҷии Амрико, Кондолиза Райс мегӯяд, пешниҳоди референдум дар соли оянда иҷрои ин созишномаро ба таъхир нахоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG