Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 500 000 ҷои кории нав – ваъдаи Барак Обама


Раисҷумҳури тозаинтихоби ИМА Барак Обама гурӯҳи иқтисодии худро пурра мекунад.

Дэвид Акселрод, ёвари раисҷумҳури ояндаи ИМА Барак Обама, ба шабакаи телевизионии Fox news тасдиқ намуд, ки Обама ба мансаби раиси Бонки Марказии ИМА Тимотӣ Гейзнери 47-соларо таъйин карданист.

То ин замон Гейзнер ба ҳайси раиси бахши Бонки Марказӣ дар Ню-Йорк ифои вазифа мекард.

Зимни мусоҳибаи телевизионӣ Акселрод инчунин гуфт, ки бо дарназардошти собиқаи корӣ ва тарзи рафтор Гейзнер ба ин мақоми муҳим мувофиқат мекунад ва беҳтарин номзад аст.


Акселрод инчунин хабар дода буд, ки Обама тасмим гирифтааст ба мақоми раиси Шӯрои иқтисодии Кохи сафед Лоуренс Самерсро таъйин кунад. Самерс дар замони ҳукуматдории Билл Клинтон сарварии Бонки марказиро ба зимма дошт.

Ба гуфтаи коршиносон, баъди омадани Барак Обама ба Кохи сафед, яъне 20 январи соли оянда, Самерс масъулияти тамоми масалаҳои марбут ба буҳрони саросарии молӣ хоҳад буд.

Раисҷумҳури тозамунтахаб Барак Обама 23-вуми ноябр тарҳеро пешниҳод кард, ки имкон хоҳад дод дар тӯли ду соли оянда 2 500 000 ҷои кории нав таъсиси дода шавад: “Дар давоми ин ду сол дар сатҳи саросарии миллӣ кӯшишҳо барои ташкили ҷойҳои кории нав дар Амрико ва бунёди зербинои иқтисоди қавиву қобили рушди кишвар рӯи даст гирифта мешаванд. Мо мардумро дубора бо ҷойҳои корӣ таъмин мекунем. Мо роҳҳои фарсудашуда ва пулҳоро таъмир ва макотиберо, ки ҷавобгӯи талабот нестанд, аз нав муҷаҳҳаз мекунем. Бунёди нерӯгоҳҳои бодӣ ва офтобӣ, мошинҳое, ки сӯзишвории кам истифода мебаранд ва фанновариҳои энержии алтернативӣ, ки моро аз вобастагӣ ба нафти хориҷӣ озод хоҳанд кард, имкон медиҳад иқтисодамон дар оянда низ қобили рақобат боқӣ бимонад”.

Интизор меравад, ки имрӯз, 24-уми ноябр, Барак Обама ҳангомии нишасти матбуъотӣ дар Чикаго рӯйхати пурраи аъзои гурӯҳи иқтисодиашро эълон кунад.
XS
SM
MD
LG