Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири нави Британияи кабир дар Тоҷикистон


Британияи кабир Тревор Чарлз Мурро сафири нави худ дар Тоҷикистон таъйин намуд.

Дар ин бора имрӯз, 18-уми ноябр, хадамоти иттилоъотии Ваорати умури хориҷаи Британияи кабир хабар дод.

Ҷаноби Т. Мур ба иҷрои вазифаи худ дар моҳи январи соли 2009 шурӯъ хоҳад кард. Дар ин мансаб ӯ сафири феълӣ Грэм Лотенро, ки аз моҳи июли соли 2004 ифои вазифа мекард, иваз мекунад.

Тревор Мур давлатмарди касбӣ буда, дар вазорати хориҷаи кишвараш аз соли 1980 кор мекунад. Солҳои 2007 – 2008 дар Вазорати хориҷаи Британияи кабир муъовини сарвари гурӯҳ оид ба ҳуқуқи башар, демократия ва мудирият иҷрои вазифа намудааст.

Т. Мур оиладор буда, 3 писар дорад.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG