Пайвандҳои дастрасӣ

Дар мақарри СММ дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА) ҳамоиши байнулмилалии “Фарҳанг ва сулҳ” кори худро анҷом дод.

Раисиҷумҳури феълии ИМА Ҷорҷ Буш дар ин ҳамоиш иброз дошт, ки озодии дин зербинои “ҷомеъаи солим” мебошад: “Озодии дин рукни бунёдии ҷомиъаи солим ва пурумед аст. Мо наметарсем дигарандешони мазҳабӣ ва онҳоеро, ки бо вуҷуди пазируфта нашудани динашон ба он пайравӣ мекунанд, ҳимоят кунем. Ва беҳтарин роҳи дифоъ аз озодии дин ин ёрии ҳаматарафа ба густариши демократия мебошад”.

Дар суханронияш Ҷорҷ Буш инчунин таъкид намуд, ки танҳо дар фазои демократӣ мешавад ихтилофҳои байнимазҳабиро муҳокима кард:
“Демократия имкон медиҳад нафароне, ки мавқеъҳои мухталиф доранд, ин ихтилофотро мавриди баҳс қарор дода, ҳамзамон осоишта ва дар ҳамоҳангӣ ба сар баранд. Густариши демократия, ба назарам, яке аз роҳҳои умедбахшандатарин барои расидан ба сулҳ мебошад. Мардуме, ки имкон доранд озодона нуқтаи назарашонро изҳор кунанд, метавонанд алайҳи идеолужии танаффур мубориза баранд. Онҳо метавонанд арзишҳои динии худро дифоъ карда, ба муқобили онҳое, ки мехоҳанд динро ба роҳи хушунат гардонанд садо баланд кунанд”.

Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, ҳангоми суханронӣ дар ҳамоиш

Ҳамоиши «Фарҳанги сулҳ», ки бо ташаббуси шоҳи Арабистони саъудӣ Абдуллоҳ барпо гардид ду рӯз идома кард. Ба эътиқоди малик Абдуллоҳ ҳадаф аз баргузории он бунёди пуле байни адён ва фарҳангҳои кишварҳои тамоми олам буд.

Дар ҳоле ки ҳамоиши мазкур бо даъвати шоҳи Арабистони саъудӣ барпо гардид, мунаққидон ин кишварро дар адами таҳаммули мазҳаби айбдор мекунанд.

Зимни ин ҳамоиш сарварони дигар кишварҳои ҷаҳон низ суханронӣ намуданд.

Ҳамин тавр, раисҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дар суханронияш ба терроризм ишора намуда, онро фарқгузориву хушунат дар муқобили зан ва мухолифи фарҳангӣ исломӣ арзёбӣ кард. Ӯ бо зикри онки терроризм ва пайомадҳои он ба Ислом ҳеч рабте надоранд, даъват намуд, ки раҳбарони кишварҳои олам бояд барои оштии саросарӣ ва муколамаи фарҳангҳо исрор варзанд. Ҳангоми суханронии худ Осиф Алӣ Зардорӣ китоби охирини ҳамсараш Беназир Бҳутто “Оштӣ”-ро, ки баъд аз ба қатл расиданаш аз дасти террористон ба чоп расид, борҳо мутазаккир шуда, таъкид кард, ки сарварони кишварҳои дунёро лозим аст аз рӯи усулҳои асосии Ислом муколама, таҳаммул ва мухолифат ба терроризм амал кунанд.
XS
SM
MD
LG