Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барфи аввал ва нигарониҳои мардум


Дар пайи сардиҳои рӯзҳои ахир дар Душанбе ҳаво сардтар шуда, барфи нахустини имсола борид.

Ҷамила Байдуллоева, раиси Оҷонси ҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, ворид шудани ҳавои сард ба ҳудуди Тоҷикистон аз ҷониби шимол мунҷар ба вуруди бармаҳали зимистон дар кишвар шудааст. Ба гуфтаи вай, ҳарорати ҳаво дар ин муддат дар ҷануби кишвар то 5 дараҷа гарм ва дар шимоли он бештар аз 3 дараҷа сард хоҳад шуд. Хонум Байдулоева меафзояд, ҳавои сард ва резиши барф дар тамоми манотиқи кӯҳии Тоҷикистон то даҳ рӯзи дигар идома мекунад. Ва баъдан дар кишвар боз гарм шудани ҳаво дар назар аст. Хонум Байдуллоева меафзояд, санҷишҳои маркази ҳавосанҷӣ ҳокӣ аз онанд, ки зимистони имсол монанди соли гузашта сард нахоҳад шуд ва ҳаво чанд дараҷа дар қиёс бо соли гузашта нармтар хоҳад буд.

Бармаҳал омадани зимистон имсол дар ҳолест, ки мардуми Тоҷикистон соли гузашта як зимистони сардтаринро ки дар 25 соли охир назираш набудааст, паси сар кардаанд. Замоне, ки дар кишвар сардии ҳаво ҳудуди 25 дараҷа буд, мардум ба камбуди шадиди нерӯи барқу гази табиӣ мувоҷеҳ шуда, кишвар дар ҳоли бӯҳрони шадиди энержӣ қарор дошт.

Аммо, имсол, мақомоти Тоҷикистон ба мардум ваъда медиҳанд, ки бӯҳрони энержии соли гузашта имсол такрор нахоҳад шуд. Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, вазъи таъмини мардум бо барқ нисбат ба зимистони соли гузашта беҳтар хоҳад шуд. Вай мегӯяд, имсол Тоҷикистон аз Туркманистону Узбакистон беш аз 1 миллиард киловат-соат барқ харидорӣ мекунад. Ва ҳамчунин, бар изофа, ба кор шурӯъ кардани агрегати сеюми нерӯгоҳи барқиву обии Сангтуда-1 ва таҷдиди шабакаҳои гармидиҳии Душанбею Ёвон тавлиди нерӯи барқро бештар мекунанд. Оқои Самиев меафзояд, имсол ширкати «Барқи тоҷик» барои зимистонгузаронӣ омодагии ҷиддӣ дидааст ва дар Душанбе реҷаи маҳдуди интиқоли барқ сурат намегирад.

Саидмурод Саидакрамов, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон солҳои пешин низ ба мардум чунин ваъдаҳо додаанд, вале зимистонҳои гузашта нишон додааст, ки вазъи энержии кишвар сол аз сол бадтар шудааст. Вай мегӯяд, маҳдудсозии таъмини нерӯи барқ дар канорҳои шаҳри Душанбе қабл аз боридани барфи аввал ҳанӯз дар моҳи сентябр ҷорӣ шудааст. Оқои Кабиров мегӯяд, дар фасли сармо мақомот ақаллан нисфи Душанберо бо гармӣ таъмин карда наметавонанд.

Дар ҳамин ҳол, боридани барфи аввал бархе аз сокинони кишварро нигарон аз он кардааст, ин имсол нисбат ба соли гузашта сардтар хоҳад шуд. Абдулазиз Кабиров, сокини дигари шаҳри Душанбе мегӯяд, ӯ ба умеди ваъдаҳои мақомот нашуда, тамоми маблағашро барои харидории ҳезуму ангишт сарф кардааст. Ба қавли оқои Кабиров, бо бориши зиёди барф мардум аз меъёр барқро зиёд истифода мебаранд ва дар натиҷа хатҳои интиқоли барқ, ки ҳудуди 20 соли ахир таъмир надидаанд, фарсуда ва ғайри қобили истифода мешаванд. Вай мегӯяд, дар чунин ҳол аз эҳтимол дур нест, аҳолии баъзе манотиқи шаҳри Душанбе монанди мардуми деҳоти кишвар муддатҳо бидуни гармию рӯшноӣ бимонанд.

XS
SM
MD
LG