Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

50 соҳибкорзани муваффақи ҷаҳон


Шейла Бейр

Шейла Бейр

Нашрияи амрикоии «The Wall Street Journal» феҳрасти 50 зани муваффақ дар раҳбарии ширкатҳои бузурги моливу тиҷории дунёро ба нашр расондааст.

Имсол ин нашрия раддабаднии тоҷирзанони муваффақро бо дарназардошти буҳрони молие, ки аз гиребони ҷаҳон гирифтааст, ба роҳ андохта, асосан рӯи он занони раҳбаре тамаркуз кардааст, ки тавонистаанд дар баробари ин буҳрони шадид худро гум накунанд ва фаъъолияти хубу муназзами ширкатҳои бузурги таҳти раҳбарияшонро мустаҳкам ба роҳ андозанд.

Бахши аъзами асомии дар феҳрасти имсолаи «The Wall Street Journal» омада занони соҳибкори амрикоӣ ва аврупоиянд, вале акнун дар ин раддабандӣ намояндагони Ховари Миёна ва қорраи Осиё низ ба назар мерасанд.

«The Wall Street Journal» дар раддабандии имсолааш дар мақоми аввал Шейла Бейр, раиси Ширкати федеролии суғуртаи суратҳисобҳои бонкӣ, яке аз ширкатҳои бонуфузи давлатӣ дар бозори молии Амрикоро гузоштааст. Хонум Бейр ба маҳзи иттихози тасмимҳои сангини шояд бетараҳҳум, вале лозим дар айни буҳрони молӣ сазовори мақоми аввал дониста шуд.

Дар «The Wall Street Journal» омадааст, ки ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демократҳо ба қобилияти мудирии Шейла Бейр эҳтиром қоиланд ва имкон дорад хонум Бейр дар даврони раёсатҷумҳурии Барак Обама ба зинаи боз ҳам баландтар бинишинад ва ҳатто ба мақоми вазири дороии Амрико пешбарӣ шавад. Дар ҳар сурат, давраи раёсати ӯ бар ширкати федеролии бимаи суратҳисобҳои бонкӣ то соли 2011 аст ва дастикам 3 соли дигар хонум Бейр дар радифи муваффақтарин занони соҳибкор боқӣ мемонад.

Аммо Анҷела Брейлӣ, раис ва мудиромили ширкати бимаи «Wellpoint» имсол нуфузи қаблиашро ба суръат аз даст дода, дар мақоми 15-ум қарор гирифтааст. «The Wall Street Journal» дар шарҳи худ тазаккур медиҳад, ки ширкати таҳти раҳбарии Брейлӣ имсол ба мушкилоти сахте дучор шуд ва арзиши саҳмияҳояш дар бозор 50 дарсад пойин рафт ва ин ба навбаи худ мунҷар ба пойин рафтани эътибори соҳибкории Анҷела Брейлии 47-сола аз аёлати Тексас шуд.

Ба фарқ аз Анҷела Брейлӣ, Индра Нувӣ, мудиромили ширкати маъруфи PepsiCo, тавлидкунандаи нӯшобаҳои бозоргире, чун Pepsi, Mirinda ва “7Up имсол низ мақоми дувумаш дар феҳрасти «The Wall Street Journal»-ро ҳифз кардааст.

Нуфузи PepsiCo имсол таҳти мудирияти хонум Нувӣ дар бозори нӯшобаҳои газдор, бо вуҷуди рақобати шадид бо рақиби аслиаш Coca Cola, нафақат нигоҳ дошт, балки тавассути харидории корхонаҳои шарбатсозии Tropicana ва тавлиди чипси Quaker Oats ҷои пояш дар бозори фурӯши ғизо ва шарбати меваро низ мустаҳкам кард. Дар ҳамин ҳол, Индра Нувӣ мехоҳад барои тавсиъаи тавлидоти ширкаташ дар Ҳинд 500 миллион ва дар Чин 1 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.

Дар мақомҳои аввали раддабандии «The Wall Street Journal» инчунин занони комёбе, чун Барбара Дезор, мудири бахши манзили Bank of America, Ҳу Сиаолиан, муовини раиси Бонки мардумии Чин, Урсула Бёрнс ва Энн Мулканӣ, президент ва мудиромили ширкати Xerox, ва Эллен Калман, президенти ширкати Dupont қарор гирифтаанд.

Дар миёни 50 зани баргузидаи нашрияи мазкур танҳо 2 зани мусалмон – Моҳа ал-Ғунайми кувайтӣ ва Саида Қудси эронӣ – ҷой ёфтаанд. Ал-Ғунайм, мудиромили «Global Investment House», танҳо зани раҳбари бонк дар Ховари Миёна маҳсуб мешавад.

Ин бонк дар суратҳисобҳояш беш аз 10 миллиард доллар пасандоз дошта, танҳо дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ 385 миллион доллар суд кардааст. Аммо Саида Қудси 57-сола бо шарофати созмони хайрияаш “Моҳак”, ки ба кӯдакони гирифтор ба бемории саратон кумак мерасонад, маъруфият касб кардааст. Ин сандуқ то кунун ба 12 000 тифли маризи саратон дасти ёрӣ дароз намудааст, вале вақте хонум Қудс хост фаъъолияти созмони имдодиашро ба Амрико густариш диҳад, маълум шуд, ки таҳримоти алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ҷорикардаи Амрико инро иҷозат намедиҳад. Бо ин вуҷуд, ӯ ҳаммуассиси сандуқи хайрияе дар Лос-Анҷелеси Амрико ҳам ҳаст.

Гулҷон Молдаҷонова, мудири иҷроияи ширкати “Базовий Элемент”, ки ба миллиардер Олег Дерипаска таъаллуқ дорад, танҳо зани соҳибкор аз кишварҳои шӯравии собиқ аст, ки «The Wall Street Journal» исмашро дар радифи 50 соҳибкорзани муваффақи дунё овардааст. Г. Молдаҷоноваи феълан 43-сола соли 1994 фаъъолияташ дар ин ширкатро ҳамчун котиба бо 200 доллар маъоши моҳона шурӯъ карда, акнун дар раъси корпоратсияи бузургест, ки силсилаи ширкатҳои марбут ба Дерипаска, бо шумули «РусАл»-ро идора мекунад.

«The Wall Street Journal» ҳамчунин мутазаккир шудааст, ки буҳрони молӣ “Базовий Элемент”-ро сахт асобат карда, акнун барои Молдаҷонова имтиҳони ҷиддиеро пеш овардааст, ки бояд тавассути наҷоти сармояву даромади ширкат қобилият ва тавонмандии худ ҳамчун раҳбарро дар шароити буҳронӣ ба намоиш гузорад.

Дар феҳрасти «The Wall Street Journal», албатта, исми ягон зани соҳибкори тоҷикистонӣ нест. Дар мақомҳои раҳбарии корхонаву ширкатҳои бузурги ин кишвар ба таври суннатӣ яке аз муъовинони раис зан аст, вале ҳузури чунин занон дар мақомоти раҳбарӣ одатан хеле зоҳирӣ ва танҳо ба хотири муроъоти тақозои давлат аст, ки талош дорад бо чунин ислоҳи зоҳирӣ пойбандиаш ба асли баробарии ҳуқуқи зану мардро намоиш диҳад.

Марям Давлатова, таҳлилгари масоъили зан дар Тоҷикистон, мегӯяд, аз замони шӯравӣ роиҷ буд, ки занон асосан ба соҳоти маъориф ва тибб майл мекунанд ва аз ворид шудан ба тиҷорат ё сиёсат ҳатталимкон дурӣ ҷустаанд.

М. Давлатова мегӯяд, баъдан шароити бади зиндагӣ шумори зиёди занони Тоҷикистонро маҷбур кард, то рӯ ба тиҷорат биоранд, вале ҳеч кадоми онҳо аз маҳдудаи тиҷорати хурду миёна фаротар нарафт ва то кунун дар раҳбарии ширкатҳои бузурги моливу тиҷоратии ин кишвар як нафар зан ҳам нест.

Хонум Давлатова аз тақсими корхонаҳои муҳим дар ҷараёни хусусигардонӣ қариб ба куллӣ маҳрум мондани занонро як иллати дигари дур мондани онҳо аз майдони тиҷорати бузург дар Тоҷикистон медонад ва ба мушкилоти гендерии боқимонда дар кишвар низ таъкид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, дар гузориши имсолааш Тоҷикистонро аз лиҳози таъмини баробарии ҳуқуқи зану мард дар байни 130 кишвар дар мақоми 89-ум гузоштааст. Як сол пеш Тоҷикистон дар ин раддабандӣ 10 зина болотар – дар мақоми 79-ум – буд.
XS
SM
MD
LG