Пайвандҳои дастрасӣ

Ба тахмини коршиносони масоили кишоварзӣ, имсол ҳам плани чиниши пахта дар вилояти Хатлон то охир иҷро нахоҳад шуд.

Дар ҳоле ки ба анбори пахтаи Точикистон руҳхои ахир аз сартосари кишвар танҳо ба андозаи сифру аз даҳ як фоизи нақша пахта ворид шудааст, тахмину шоеъаҳои коршиносон воқеӣ ба назар мерасад.

То 10-уми ноябр дар қаламрави вилояти Хатлон, ки беш аз 50 дарсади пахтаи тамоми Тоҷикистонро истеҳсол мекунад, ҳамагӣ наздик ба 214 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.

Нишондиҳандаи мазкур танҳо ба 64 дар сади эҳтиёҷоти давлатӣ баробар будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки то ҳамин давраи соли гузашта дар Хатлон беш аз 75 дарсади нақшаи чиниши пахта иҷро шуда буд.

Мақомоти вилояти Хатлон мегўянд, сабаби якбора паст рафтани омори давлатӣ оид ба ғунучини «тиллои сафед» боду ҳавои номусоид ва фарорасии қабл аз интизори мавсими сармо дар навоҳии пахтакори кишвар будааст. Ҳамон баҳона ё сабабе, ки тайи солҳои ахир мақомоти ҳукумати Хатлон дар шарҳи иҷро нашудани маъракаи ҷамъоварии пахта пеш меоранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Хатлон ба сурати иҷборӣ ҳазорҳо донишҷўи макотиби олию коллеҷҳои маҳаллиро ба кўмаки пахтакорон ба навоҳии ниёзманд ба дасти корӣ ирсол карданд.

Гузашта аз ин, ба хотири рушди соҳаи кишоварзӣ, бавижа, пахтакорӣ дар Хатлон имсол беш аз солҳои қаблӣ маблағгузорӣ шудааст. Хоҷагиҳои пахтакор дар нўҳ моҳи аввали соли равон беш аз 260 милллион сомонӣ қарзҳои боимтиёз дарёфт карданд.

Ахиран бонкҳои тиҷоратӣ бо ҳадафи маблағузории бештари хоҷагиҳои кишоварзӣ аз ироаи қарзҳои истеъмолӣ ба мардум муваққатан даст кашиданд.

Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, гуфт, дар соли оянда маблағгузории соҳаи кишоварзӣ афзоиш хоҳад ёфт, аммо беҳтар ин аст, ки пахтакорон аз қарзҳои бонкӣ ҳарчи камтар истифода кунанд:

«Президент ахиран ваъда дод,ки агар кори кишоварзони Хатлон беҳтар шавад, соли оянда аз тариқи бонкҳо маблағгузории соҳа то 160 миллион сомонӣ бештар хоҳад шуд. Ин кор агар шавад, хуб аст, аммо беҳтар аст, ба деҳқонон талқин кунем, ки бо даст додани имкон аз гирифтани қарзи бонкӣ худдорӣ кунанд. Бюрократияи бонкӣ, омода кардани даҳҳо санаду даводави барзиёд ба кӣ лозим аст? Агар хоҷагиҳои мавҷуда қарзҳои имсол гирифтаашонро босамар истифода кунанд, худкифо хоҳанд шуд, худ даромад пайдо карда, мўҳтоҷ ба қарзҳои бонкӣ намешаванд…»

Дар ҳамин ҳол мақомоти хадамоти гумруки Хатлон иттилоъ медиҳад, ки мизони содироти нахи пахта ба хориҷ аз кишвар ҳам қиёсан коҳиш ёфтааст. Абдуназар Қурбонов, сардори раёсати гумруки вилояти Хатлон, гуфт, имсол ба хориҷа панҷ ҳазор тонна пахтаи камтар содир шудааст, аммо бинобар ин ки қимати пахта дар бозори ҷаҳонӣ боло рафтааст, аз ҳисоби фурўши он даромади бештар ба даст омадааст:

«Содироти нахи пахта дар 9 нўҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 50,8 миллион доллари амрикоӣ сурат гирифта, ҷамъан беш аз 38 ҳазору 388 тонна пахта ба хориҷа содир шудааст. аммо ҳарчанд нисбат ба соли гузашта 5120 тон пахтаи кам содир шуда бошад ҳам, маблағи даромад аз фурўши он 4,2 миллион доллар бештар будааст. Сабаб боло рафтани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ аст».

Бо ин ҳам то имрўз танҳо навоҳии Данғара ва Сарбанд тавонистаанд аз ўҳдаи иҷрои дурнамои имсолаи истеҳсоли пахта бароянд. Бо дарназардошти ин ки дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво дар чанд рўзи ахир дар сатҳи поинтар аз 10 дараҷа қарор гирифтааст, ба гумони ғолиб, мешавад гуфт, ки мавсими имсолаи чиниши пахта дар маҷмўъ ба поён расидааст.

XS
SM
MD
LG