Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳсҳо рӯи навсозии бинои театр


Мутахассисони Пажӯҳишгоҳи осиёимиёнагии илмию лоиҳакашии сохтмони асосии Душанбе ба манзури бознигарии лоиҳаи азнавсозии ягона театри вилоятӣ ба Хоруғ омаданд.

Зарурати бознигарии лоиҳа дар айни авҷи корҳои сохтмонӣ ба таври оҷил бо амри муъовини аввали сарвазири кишвар Асадулло Ғуломов ба вуқӯъ мепайвандад. Дар ҷараёни сафари ахир ба Бадахшон рӯзҳои 2-юм ва 3-юми ноябр муъовини аввали сарвазир ҳангоми шиносоӣ бо рафти сохтмони иншоотҳо дар маркази устон фикри мутахассисони маҳаллӣ ва ҳунарпешагонро дар мавриди азнавсозии театр, ки бе таҷдиди саҳна ва васеъ намудани зол анҷом додани корҳои азнавсози ин муасссисаи фарҳангиро ба бод додани пули ҳукумат мешуморанд, дастгирӣ намуд.

Муҳандиси сохтмон Булбул Нурбеков мегӯяд, барои азнавсозӣ зиёда аз 2 миллиону сомонӣ ихтисос дода шудааст, аммо бе дигар кардани васатҳои оҳанини фарсуда, ки болопӯши театрро нигоҳ медоранд, хавфи фурӯ рехтани театр ҳамеша вуҷуд хоҳад дошт. Вай бе анҷоми корҳои бехатаргардонӣ, таҷдиди саҳна ва золи театр, ки дар лоиҳа сарфи назар шудаанд, азнавсозии театрро масрафи беҳуда арзёбӣ намуд.

Ба гуфтаи сардори шӯъбаи фарҳанги шаҳр Маҳингунгул Назаршоева, саҳна ҷузъи асосии ҳар як театр аст. Аммо саҳнаи ин ягона театри вилоятӣ, ки 50 сол қабл дар заминаи хонаи фарҳангӣ арзи вуҷуд кардааст, бинобар тангӣ, беҳаракат будан, паст будани андозаи таҳхона ва болои саҳна барои баргузории намоишҳо ва дигар намудани манзараҳои дар ҷараёни намоиш куллан номувофиқ будааст.

Муҳандиси сохтмон Булбул Нурбеков афзуд, ки пас аз таваҷҷӯҳ зоҳир намудани мақомоти ҷумҳуриявӣ ба мушкилоти азнавсозии тетр Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашӣ ва дирексияи сохтмонии назди президент айбро ба гардани ҳам бор карданӣ мешаванд. Вай гуфт, ки аммо ҳолати бавуҷудомадаро метавон нишонаи бемасъулияти ашхоси босаллоҳият нисбати пули давлат унвон кард.

Ба гуфтаи сармуҳандиси Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашӣ Аъзам Шомирзоев, онҳо дар доираи маблағ ва талаботе, ки дирексияи сохтмонӣ барояшон пешниҳод намудааст, лоиҳаро тартиб доданд ва азбаски аз имконияти ташхиси техникии театрро маҳрум буданд аз ҳолати воқеъии иншоот огоҳӣ надоштаанд.

Аммо намояндаи дирексияи сохтмонӣ дар вилоят мақомоти маҳаллиро айбдор месозад, ки ба азнавсозии театр аз «паси панҷа» нигоҳ кардааст ва талаботи азнавсозиро дар вақти таҳияи лоиҳа ироа накардааст. Аммо мақомоти вилоятӣ мегӯянд, ки алҳол вазифаи сармеъмори вилоят холӣ ҳеҷ кас намехоҳад дар баробари тақдири иншоотҳои сохташаванда масъулиятро ба гардан бигирад.

Дар ҳамин ҳол коршиносон ангушти ҳайрат мегазанд, ки оё чӣ тавр масъулини дирексияи сохтмонӣ бе назардошти бехатаргардонӣ ва таҷдиди ҷузъҳои муҳими театр ба амалӣ шудани лоиҳаи гаронхарҷи азнавсозии он ризоият додаанд.

Сармуҳандиси Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашӣ мегӯяд, ки бо дарёфти маблағи иловагӣ ҳанӯз вақт аст, ки камбудиҳо бартараф ва театр куллан таҷдид шавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG