Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи маргбор дар киштии зериобӣ


20 нафар кушта ва 21 кас бо ҷароҳатҳои вазнин – чунин аст натиҷаи садама дар киштии зериобии Русия.

Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дастур додааст, то садамаи маргбор дар киштии атомии зериобии ин кишвар дар баҳри Жопуни уқёнуси Ором таҳқиқи комил шавад.

Бино ба гузоришҳо, бар асари ин садама, дасти кам 20 нафар кушта ва 21 каси дигар захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, аксари фавтидагон мутахассисони мулкӣ (17 нафар) будаанд. Сарбозон ва маллоҳони маҷрӯҳро таввасути қоиқҳои наҷот барои табобат ба Пойгоҳи низомии Шарқи Дур, воқеъ дар шаҳри Владивосток, бурдаанд.

Сухангӯи нерӯҳои баҳрии Русия, изҳор намуд, ки кори нодурусти абзори оташнишонии киштии зериобӣ сабаби садама шудааст, вале реактори атомии киштӣ ба таври муътадил кор мекунад. Дар ин киштӣ, 208 нафар қарор доштаанд, ки 81 нафарашон сарбозу маллоҳ буданд.

Садамаи маргбор дар киштии зериобии Русия

рӯзи шанбеи 8-уми ноябр ба вуқӯъ пайвастааст.
XS
SM
MD
LG