Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони Ҷоми Тетсуо Сато


Мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба каратэ-до барои дарёфти Ҷоми Тетсуо Сато, яке аз поягузорони ин навъи варзиш, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии дастаҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон ба анҷом расид.

Баҳром Ҳамидов, дабири кулли Федеросиюни каратэ-дои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки барои панҷумин бор доир гардид, 65 варзишгар аз Қазоқистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз рақобат карданд. Бо пешниҳоди Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, мусобиқаи имсола бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим таҳти шиори «Зарба ба маводи мухаддир!» сурат гирифт».

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар навъи ката байни наврасон варзишгарони Қазоқистон Алишер Балабиев ва Александр Горбатенко пирӯз гардиданд.

Дар сабқати бузургсолон варзишгарони тоҷик Самим Атомуҳаммад байни мардон ва Ширини Сахидод байни занон ҷойҳои аввалро касб карданд.

Дар навъи кумитэ байни варзишгарони аз 15 то 17-сола мизбонон Комрони Пӯлодӣ (дар вазни то 55 кг) ва Сиёвуш Боев (беш аз 65 кг), инчунин, намояндаи Қазоқистон Даурен Ҳайдарбеков(то 65 кг) дар мақоми аввал қарор гирифтанд.

Дар сабқати бузургсолон варзишгарони тоҷик Фирӯз Темуров (то 60 кг), Темур Қаюмов (то 70 кг) ва Бадриддин Умедов (беш аз 70 кг) ғолиб шуданд. Бадриддин Умедов, ҳамчунин, ғолиби мутлақи ин мусобиқа гардид.

Бад-ин тартиб дар сабқати кумитэ дар ҳисоби дастаӣ байни навҷавонон Қазоқистон ҷои аввал, Тоҷикистон ҷои дуввум ва Озарбойҷон ҷои севумро касб карданд. Байни бузургсолон дастаи аввали Тоҷикистон ғолиб шуд. Дастаи Тоҷикистон-2 дар ҷои дуввум ва дастаи Узбакистон дар ҷои севум қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG