Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: "Ҳадафи ҳамла ба Сурия узви Ал-қоида буд"


Хабаргузориҳои Ройтерс ва Ассошиэйтед Пресс аз қавли як мақоми амрикоӣ бидуни бурдани номаш навиштаанд, ки ҳадаф аз анҷоми амалиёти нерӯҳои Амрико дар дохили қаламрави Сурия аз байн бурдани яке аз афроди воломақоми Ал-қоида бо номи Абу Ғадия будааст.

Гуфта мешавад, Абу Ғадия аз афроди наздики собиқ раҳбари ин созмони террористӣ дар Ироқ Абу Мусаб Зарқавӣ буда, қочоқи ҷангиёни хориҷи ба хоки Ироқро ба зимма дошт. Ин мақоми амрикоӣ гуфтааст, низомиёни амрикоӣ амалиётро бо муваффақият анҷом дода, бовар доранд, ки Абу Ғадия кушта шудааст. Ин манбаъ афзуд, ки Абӯ Ғадия дар бораи масирҳои қочоқӣ маълумоти зиёд дошт ва марги ӯ бидуни шубҳа ба ин шабакаи қочоқи ҷангиён ба Ироқ латмаи сахт мезанад.

Ин дар ҳолест, ки вазири умури хориҷии Сурия Валид Муаллим дар Лондон дар як паёми телевизионӣ ҳамлаи низомиёни амрикоиро ҳамчун амали ҷиноӣ ва террористӣ арзёбӣ намуд:

“Мо ин амалро ҳамчун таҷовузи ҷиноӣ ва террористӣ арзёбӣ мекунем. Мо тамоми масъулияти анҷоми ин ҳамларо бар души ҳукумати Амрико мегузорем, ва он муваззаф аст, баъд аз анҷоми тахқиқоти ин ҳодиса ба мо дар бораи натиҷаҳои ин бозрасӣ гузориш дода, шарҳ бидиҳад, ки чаро онҳо ба чунин амал даст заданд.”


Валид Муаллим гуфт, ки чаҳор чархболи амрикоӣ аз қаламрави Ироқ ба хоки кишвараш дохил шуда, ду чархбол дар як мазраъаи кишоварзӣ дар ҳашткилометрии марзи Ироқ ба замин нишаст. Сарбозоне, ки савори ин ду чархбол буданд, берун омада, тирпарониро оғоз намуданд ва ду чархболи дигар дар айни замон аз ҳаво онҳоро дифоъ мекарданд.

Вазири корҳои хориҷии Сурия афзуд, ки дар натиҷаи ин ҳамла танҳо мардуми осоиштаи бегуноҳ ба ҳалокат расидаанд ва ҳушдор дод, ки дар сурати такрори чунин ҳамлаҳо Сурия аз қаламраваш дифоъ хоҳад кард. Валид Муаллим ба Ироқ низ муроҷиат карда, хостори бозрасии дақиқи ин ҳодиса шуд: “Мо аз ҳукумати Ироқ низ хоҳиш кардем, ин ҳодисаро таҳқиқ намуда, иҷозат надиҳад, ки қаламраваш барои анҷоми ҳамлаҳо алайҳи Сурия истифода шавад.”

Қаблан Бағдод изҳори умедворӣ карда буд, ки ҳамлаи нерӯҳои Амрико ба қаламрави Сурия ба равобити миёни ин ду кишвари ҳамсоя таъсир нахоҳад дошт ва ин ҳодисаро як тасодуфи ғамангез хонд. Тибқи хабарҳо дар натиҷаи ин ҳамла ҳашт шаҳрванди осоиштаи суриягӣ ба ҳалокат расид.

Низомиёни ИМА борҳо иддаъо мекарданд, ки ҷангиёни хориҷӣ аз тариқи қаламрави Сурия вориди хоки Ироқ мегарданд.


XS
SM
MD
LG