Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олӣ: натоиҷи бозиҳои даври 29-ум


Бегоҳи 26-уми октябр бозиҳои даври 29-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар меҳмонӣ «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Тақдири бозиро голи капитани даста Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 68-уми бозӣ ба нафъи «Регар» ТадАЗ ҳал намуд.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ дар сафар бар ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид. Ҳамлагари «Вахш» Рустам Усмонов дар дақиқаи 53-юм тӯбро вориди дарвозаи мизбонон кард.

«Энергетик»-и Душанбе дар майдони худ аз «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

Бозии «Равшан»-и Кӯлоб бо дастаи меҳмон – «Гвардия»-и Душанбе - бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт.

Дар ҳамин ҳол «Регар» ТадАЗ ва «Хуҷанд» 62-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Регар» ТадАЗ дар ҷои аввал ва «Хуҷанд» дар ҷои дуввум қарор гирифтаанд. Вале «Регар» ТадАЗ ду бозӣ камтар анҷом додааст. «Парвоз» бо 57 имтиёз ҷои севум ва «Вахш» бо 54 имтиёз ҷои чаҳорумро касб кардаанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

24

20

2

2

82-21

62

2.

«Хуҷанд»

26

20

2

4

45-17

62

3.

«Парвоз»

25

18

3

4

55-19

57

4.

«Вахш»

27

17

3

7

44-23

54

5.

«Тоҷиктелеком»

28

12

1

15

44-50

37

6.

«Энергетик»

27

11

3

13

48-42

36

7.

«Динамо»

24

10

5

9

35-34

35

8.

CSKA «Помир»

29

7

2

20

21-60

23

9.

«Саройкамар»

27

6

4

17

35-57

22

10.

«Гвардия»

29

5

4

20

24-62

19

11.

«Равшан»

26

4

3

19

26-74

15

XS
SM
MD
LG