Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори ду шаҳрванди Олмон дар Афғонистон


Бар асари як тирпаронӣ дар Кобул ду шаҳрванди Олмон ва як сокини маҳаллӣ кушта шуда, ду тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, тирпаронӣ дар канори дафтари ширкати олмонии DHL дар минтақаи Шерпули пойтахти Афғонистон сурат гирифтааст. Зимнан, дар Шерпул теъдоди бузурги шаҳрвандони хориҷӣ ба сар мебаранд. Алишоҳ Аҳмадзай, муовини раиси пулиси Кобул дар сӯҳбат бо Радиои Афғонистони Озод тайид кард, ки олмониҳои кушташуда дар ширкати DHL кор мекарданд.

Ҳамла ба кормандони ширкати DHL - дуввумин ҳамла ба хориҷиён дар Кобул дар тули ҳафта аст – рӯзи душанбе Гейлӣ Вилямс, шаҳрванди Бритониё ва Африқои Ҷанубӣ, ки дар як созмони хайрияи байнулмилалӣ кор мекард, ҳадафи тир қарор гирифт. Масъулияти кушторро Толибон бар дӯш гирифтанд ва эълом доштанд, созмони хайрияе, ки хонум Вилямс он ҷо кор мекард, ба тарғибу ташвиқи дини насронӣ дар Афғонистон машғул буд.

Ва аммо масъулини созмон ин иддаоро рад карданд ва гуфтанд, ки ҳадафи онҳо - фақат кумак ба афғонҳои фақиру барҷомонда аст. Ёдовар мешавем, аз ин пеш дар моҳи август низ се хонум – шаҳрвандони хориҷӣ аз сӯи афроди мусаллаҳ кушта шуданд. Афзоиши хушунат дар Афғонистон созмонҳои байнулмилалӣ ва гурӯҳҳои хайрияро барои таҳкими амнияти кормандонашон водор кардааст ва, аз ҷумла, онҳо сафари кормандонашон ба хориҷи Кобулро маҳдуд сохтаанд.

XS
SM
MD
LG