Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филмҳои тоҷикӣ дар ҷашнвораи Иссиқкӯл


Дар ҷашнвораи дуввуми байнулмилалии синамои Иссиқкӯл, ки гуфта мешавад, дар доираи СҲШ ифтитоҳ ёфт, аз 16 кишвари қораи Осиё, Аврупо ва Амрико беш аз 130 филми ҳунариву мустанад пешниҳод гардид.

Ба гуфтаи Ҳабибулло Фозилов, мудири департаменти назди вазорати фарҳанг ва иттилоъот дар умури синамогарӣ, ин ҷашнвораро намоиши филми коргардони қазоқ Ардақ Амирқулов - «Алвидоъ, Гулсарӣ» ҳусни оғоз бахшид, ки аз рӯи асари безаволи нависандаи барҷаста Чингиз Айтматов ба навор гирифта шудааст.

Вай афзуд, ки дар ҷашнвораи дуввуми байнулмилалии синамои Иссиқкӯл яке аз чеҳраҳои намоёни Ҳолливуд Марк Дакаскос ва продюсери Ҳолливуд Эркин Ялгашев низ ҳузур доранд. Бар асоси шаҳодати Ҳабибулло Фозилов, интизор меравад, баъди хатми ин ҷашнвора Дакаскос ва Ялгашев филмеро таҳти унвони «1999» ба навор хоҳанд гирифт, ки ҳаводиси соли 1999 дар кӯҳистони Боткандро ба маърази тамошо хоҳад гузошт.

Гуфта мешавад, ки дар барномаи намоиши филмҳое, ки ба озмуни ҷашнвора пешниҳод шудааст, филми «Алвидоъ, Гулсари», филмҳои «Таронаи дарёҳои ҷанубӣ»-и коргардон Марат Саруғлӣ, «Муғул»-и Сергей Бодров, «Муҳаббат соҳиби осмони худ аст»-и коргардонҳо Актан Арим Кувват ва Эркин Риспаев, филми муштараки «Худо», ки коргардонҳои қирғизу Фаронса ва Олмон офаридаанд, шомил мебошанд.

Вале филмҳои «Империяи нопадидшуда»-и Карен Шоҳназаров (Русия) ва «Ҳамроҳи падар»-и коргардони қазоқ дар дораи филмҳои берун аз озмуни ҷашнвора муаррифӣ шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар фестивали байнулмилалии синамои Иссиқкӯл ду филми коргардонҳои тоҷик низ пешниҳод шудааст. Аз Саидҷон Қодирӣ, коргардони тоҷик, тайи як сӯҳбат пурсидам, ки ҳамроҳи вай аз Тоҷикистон боз киҳо омадаанд ва бо чи дастовез дар ҷашнвораи мазбур ширкат доранд?

Саидҷон Қодирӣ гуфт, мо як гурӯҳ коргардонҳои тоҷик дар фестивали дуввуми синамои Иссиқкӯл ширкат дорем ва ба он ду филми худро пешниҳод кардаем. Филми аввал филми коргардони ҷаҳон Озод Маликов - «Ниқоб» ва филми дуввум «Умеди охирин» аст. Саидҷон Қодирӣ ҳамчунин тазаккур дод, ки дар мавриди ба навор бардоштани филми «Ниқоб» созмони «Интернюс-Тоҷикистон» дасти кӯмак дароз кардааст.

Вай афзуд, аммо филми «Умеди охирин», ки ба ин фестивал пешниҳод шудааст, аз рӯи асари Барнои Қодирдӯхт офарида шуда ва филмномаро вай бо коргардон Муҳаммадҷони Шодӣ таҳия ва ба навор бардоштааст. Ба гуфтаи ӯ мақсади филм нишон додани хисороти маводи мухаддир аст, ки ба ҷони одамон ворид кардааст. Ҳамчунин дар филм баъзе падарони соҳибмансаб ҳозиранд, ки ба хотири дифоъ аз мансаби худ фарзандашонро қурбон кунанд.

Вай афзуд, ки дар ин филм Аҳмадшоҳ Улфатшоев ва Ҳотам Нуров барин ҳунармандони номии кишвараш нақшҳои асосиро офаридаанд, ҳамчунин духтарчааш Машҳура низ дар ин филм ширкат мекунад. Машҳура дар филми «Умеди охирин» нақши Нӯшинро бозидааст, ки ин филмро дар фестивал тамошо хоҳанд кард. Ҳамчунин дар филми «Дар орзуи падар» нақши Мижгона, дар филми «Маҳдӣ» нақши хоҳари Маҳдӣ, дар филми «Шамсиддин Шоҳин» ва филмҳои дигар нақшҳо иҷро кардааст.

Бояд зикр кард, ки ҷашнвораи байнулмилалии синамои Иссиқкӯл то охири ҳафтаи равон идома хоҳад кард ва ҷоизаҳои махсуси он ба ғолибон тақдим карда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG