Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Кондолиза Райс аз Қазоқистон


Имрӯз, 5-уми октябр, Кондолизза Райс, вазири хориҷаи ИМА, барои боздиди якрӯза вориди Қазоқистон шуд.

Ӯ дар Остона, пойтахти ин кишвар, феълан бо Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, Карим Масимов, нахуствазир ва Марат Тажин, вазири хориҷаи кишвар, дидорӯ гуфтугӯ анҷом дод.

Боздиди Кондолиза Райс аз Қазоқистон дар роҳи бозгашти вай аз Ҳиндустон сурат мегирад. Амрико ва Қазоқистон дар бахшҳои мухталиф манофеъи муштарак доранд. Аз фаъъолияти ширкатҳои нафтии Амрико дар Қазоқистон гирифта, то чигунагии амният дар Афғонистон аз чунин масоъил мебошанд.

Қазоқистон аз фурӯши нафти худ даромадҳои ҳангуфт ба даст овардааст ва ҳоло ба яке аз кишварҳои муҳимми минтақа табдил ёфтааст. Ин кишвар ҳамчунин дар миёни Руссияву Чин аҳаммияти стротежии худро дар бахшҳои амнияту тиҷорат матраҳ кардааст.

Қазоқистонро ба унвони муттаҳиди наздики Русия мешиносанд, вале ширкатҳои нафтии қазоқӣ ҳамчунон мехоҳанд аз сохтани терминоле дар бандари Батумии Гурҷистон, воқеъ дар соҳили Баҳри Сиёҳ, суди молӣ ба даст оранд, зеро тавассути ин бандар Қазоқистон метавонад нафти худро ба бозорҳои Аврупо расонад.

Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон ҳамчунин як воҳиди маҳдуди низомиёни худро дар Ироқ мустақар кардааст ва қаламрави Қазоқистон «долон»-е барои ҳамлу нақли мавод ба нерӯҳои NАТО дар Афғонистон ба шумор меравад. К. Райс мегӯяд, Қазоқистон кишвари мустақил аст ва метавонад бо ҳар кишваре дустӣ дошта бошад: "Қазоқистон бо Амрико муносиботи олӣ дорад. Мо каме дар бораи муносиботе гуфтугӯ кардем, ки шумо бо Аврупо густариш медиҳед. Ва он хеле муҳим аст, зеро он ба нафъи Қазоқистон хоҳад буд".

Марат Тажин, вазири хориҷаи Қазоқистон, низ ёдовар шуд, ки дар муносиботи Қазоқистон бо Русияву Амрико ҳеч амали зиддунақиз вуҷуд надорад: "Муносиботи корӣ бо Амрико ва Русия хеле муҳим аст ва он асосу дурнамои қавӣ дорад".

Вазири хориҷаи Қазоқистон хотирнишон сохт, ки муносиботи ҳасанаи кишвараш бо ИМА бар асоси мувофиқатномаҳо густариш меёбад ва он таърихи беш аз даҳсола дорад. Хонум Райс бо вазири хориҷаи Қазоқистон дар бораи раёсати Қазоқистон дар САҲА гуфтугӯ кард ва ёдовар шуд, ки Амрико тарафдори раёсати ин кишвар дар САҲА аз соли 2010 мебошадад.

XS
SM
MD
LG