Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниёзи Аврупо ба барномаи наҷоти низоми молӣ


То ҳамин авохир дар Аврупо бисёриҳо бар ин ақида буданд, ки буҳроне шабеҳи буҳрони ахири молии ИМА ба ин қорра таҳдид намекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир қонунгузорони амрикоӣ барномаи тахсиси 700 млрд доллар ҷиҳати наҷоти низоми молии ин кишварро арзёбӣ мекунанд,

Вале, дар ҳамин ҳол, ба назар мерасад, ки рӯйдодҳои ахири Аврупо ба вижа вазъи ногувори як идда ширкати бузурги сармоягузор аз Белгияву Олмон аврупоиҳоро ҳам ба арзёбии роҳҳои ҷилавгирӣ аз буҳрони имконпазир водор намудааст.

Вақте тӯфон ба низоми молии ИМА зарба зад, аксари аврупоиҳо бовар доштанд, ки ин рӯйдод аз уқёнуси Атлантик убур намекунад. Вале ҳафтаи гузашта кишварҳои аврупоӣ ҳам чанд бонки сармоягузориро аз варшикастагӣ канор кашида, дарёфтанд, ки буҳрон ба дари онҳо низ омадааст.

Бонкҳои марказии кишварҳои аврупоӣ маҷбур шуданд, ки ба бозорҳои молӣ пули зиёд ворид кунанд, то фаъъолияти бозорҳо мутаваққиф нашавад. Дар ин иртибот раиси комиссияи Аврупоӣ (ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо) Жозе Мануэл Баррозу мегӯяд: "Масъала танҳо бо вуруди пул ба бозор ҳал намешавад. Мо бояд дар посухи аврупоӣ ба бозорҳо эътимод низ ворид намоем. Ин аст, ки мо аз кишварҳои узви Иттиҳодия даъват мекунем, то ҳамкории зичтаре раҳандозӣ намоянд".

Оё Аврупо ба ИМА пайравӣ хоҳад кард? Дар ИМА бо пешниҳоди вазири молия Ҳенрӣ Полсон 700 млрд доллар барои наҷоти низоми молӣ тахсис хоҳад шуд. Рӯзи чоршанбе Сенат – Маҷлиси болоии Конгресси ИМА – ин барномаро дастгирӣ намуд ва акнун рӯзи ҷумъа Маҷлиси Намояндагони Конгресс бори дувум бар арзёбии ин барнома бармегардад.

Дар сурати тасвиби барнома ҳукумати ИМА имкон пайдо мекунад, ки аз бонкҳову ширкатҳои сармоягузорӣ қарзҳои ба истилоҳ "бад"-ро харидорӣ намуда, шароити тақдими қарзҳои навро фароҳам орад. Николас Верон, шореҳи пажӯҳишгоҳи Брюгели шаҳри Брусел, мегӯяд, ки дар Аврупо барномаи шабеҳи нақшаи Полсон ҷой дошта наметавонад: "Зеро Иттиҳодияи Аврупо ғунҷоиши молӣ надорад, андози умумӣ ҷамъ намекунад ва аз бозорҳои байнулмилалии молӣ қарз намегирад".

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта ҳукуматҳои Белгия, Ҳуланд ва Люксембург ширкати молии «Фортис»-ро наҷот доданд. Стефано Микоссӣ, раиси Иттиҳодияи соҳибкорӣ ва пажӯҳишгоҳи Ассониме (Итолиё), мегӯяд, ки нақшаи Полсон бо баъзе иловаҳо дар Аврупо ҳам қобили иҷро мебошад: "Аввалин чизе, ки шумо эҳтиёҷ хоҳед дошт, ин замима ба нақшаи Полсон аст. Мо дар ҳоли зарурат ба як хазинаи наҷоти бонкҳо эҳтиёҷ хоҳем дошт. Зеро дар ҳолати ҳамла бонкҳои бузургро наметавон дар чорчӯби як кишвари узв наҷот дод".

Микоссӣ пешниҳод менамояд, ки мақоми бонки сармоягузории Аврупо тағйир дода шавад, то он ҷамъи сармоя барои наҷоти бонкҳоро шурӯъ кунад.

Эҳтимол рӯзи шанбе дар нишасти раҳбарони кишварҳои қудратманди аврупоӣ иқдомҳои воқеъии Иттиҳодия дар муқобили буҳрони молӣ андешида шаванд, вале зоҳиран чораҳои қабулшаванда на ба буҳрони феълӣ, балки ба сарнавишти минбаъдаи Аврупо иртибот гиранд.

XS
SM
MD
LG