Пайвандҳои дастрасӣ

Иди фитр ва мусалмонони ҷаҳон


Намози ид дар масҷиди ҷомеъи Ҳирот: оё он ба Афғонистон сулҳ меорад?

Намози ид дар масҷиди ҷомеъи Ҳирот: оё он ба Афғонистон сулҳ меорад?

Бисёре аз кишварҳои мусалмонӣ рӯзи сешанбе поёни моҳи шарифи Рамазон ва иди Фитрро таҷлил карданд.

Рӯзи шанбе ҳамин тавр, аксари кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саъудӣ, Лубнону Урдун, Либия, ҳамин тавр, ҷамъиятҳои мусалмонони Русия, кишварҳои Аврупову Амрико ва дар Афғонистон ба рӯзаи моҳи Рамазон хотима дода, намози иди Фитрро барпо карданд.

Дар Ироқ сунниҳо рӯзи сешанбе ид кардаанд, вале шиъаҳои ироқӣ ба пайравӣ аз Эрон, ки аксарияти аҳолиаш низ аҳли ташайюъанд, рӯзи чоршанбе вориди иди Фитр мешаванд.

Моҳи шарифи Рамазон моҳи сулҳу осоиш ва моҳи мағфирати гуноҳҳо шинохта шуда, дар арафаи ин моҳ ҳама дуъо мекунанд, ки садои тонку тӯп дар гӯшаҳои мусалмоннишини дунё ҳадди ақалл дар тӯли ин моҳи шариф фурӯ бинишинад.

Ҳомид Карзай толибонро ба саҳм гирифтан дар эъмори Афғонистон даъват мекунад

Аммо бо ин вуҷуд, моҳи Рамазон дар бисёре аз кишварҳои мусалмонӣ ҳамчунон аз мавҷи хушунатҳо орӣ набудааст. Сарфи назар аз оташбасе, ки нерӯҳои давлатии Покистон ва ҷангиёни таҳрики «Толибон»-и ин кишвар дар арафаи моҳи Рамазон эълон карданд, ки Покистон дар тӯли моҳи гузашта ҳамчунон шоҳиди хушунатҳои хунин буд. Даргириҳои байни нерӯҳои интизомии давлат ва ҷангиён дар сарзаминҳои қабиланишин дар Боҷаур ва дар дараи Свот ҳатто дар ин моҳи шариф қатъ нашуд. Ҳамлаи хунини террористӣ ба меҳмонсарои “Мариот”-и пойтахти Покистон шаҳри Исломобод дар таърихи 20-уми сентябр дар айни моҳи рамазон 53 касро кушта, беш аз 250 тани дигарро захмӣ барҷой гузошт.

Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар рӯзи таҷлили иди Фитр ҷангҷӯёни ҳаракати «Толибон»-ро ба хатми хушунатҳо ва пайвастан ба ҷараёни сулҳе, ки давлати ӯ пешниҳод кардааст, даъват намуд. Карзай инчунин ба онҳо тавсия дод, ки аз нерӯи низомии 70-ҳазораи дар Афғонистон мустақари хориҷӣ натарсанд ва ба ватани худ баргашта, дар эъмори муҷаддади ин ватан саҳм бигиранд. Карзай ишора намуд, ки ӯ чанд рӯз пеш ҳатто аз раҳбари Мулло Умар, раҳбари ҳаракати «Толибон», даъват карда буд, то куштори бародарони худро поён дода, ба Афғонистон баргардад ва ба нафъи сулҳ ва осоиши мардум фаъъолият кунад.

Аммо, дар ҳамин ҳол, раҳбари Афғонистон хабарҳои мабнӣ ба баргузории кадом музокироти пинҳонӣ бо «Толибон» дар Арабистони Саъудӣ ё макони дигарро радд кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Мулло Умар, раҳбари ҳаракати «Толибон», низ дар арафаи ид бо нашри як баёния аз нерӯҳои NАТО ва Амрико хостааст, то аз Афғонистон хориҷ шаванд. Вагарна таҳдид кардааст ӯ, онҳо ба шикаст мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Ироқ, Бағдод, 29-уми сентябри с. 2008

Ироқ низ дар моҳи Рамазон рӯзе ҳам аз чанги хушунатҳо вораста набудааст. Дар ин кишвар дар як моҳи гузашта 159 тан аз нерӯҳои амниятии ин кишвар ва 25 сарбози дигари Амрико кушта шуданд.

Яке аз ин сарбозони амрикоӣ рӯзи сешанбе, ҳангоми таҷлили иди Фитр аз тарафи сунниҳои ироқӣ, дар шимоли Бағдод кушта шуд.

Ҳамин тавр, Ироқ дар тӯли моҳи шарифи Рамазон шоҳиди як силсила бамббгузориҳои хунини пурқурбонӣ буд, ки асосан дар минтақаҳои шиъанишин сурат гирифтанд. Дирӯз ҳам бар асари инфиҷори як бамб дар як ошхона дар Каррода, як минтақаи умдатан шиъанишини канори Бағдод, 3 кас кушта ва 8 тани дигар захмӣ шуданд.

Бағдод, занони суннӣ дар масҷиди Ҳайх Абдулқадир ал-Ҷелонӣ: "Худовандо, ба ин кишвар оромӣ биёвар..."

Бо ин вуҷуд, субҳи сешанбе дар ҳошияи мақбараи асосгузори мазҳаби ҳанафия Абӯҳанифа (Имоми Аъзам) дар Бағдод ҳудуди 150 000 намозгузор барои адои намози иди Фитр гирди ҳам омаданд. Умм Аммор, яке аз намозгузорон, дар суҳбат бо хабарнигори «Ассошиэйтед Пресс», шукри Худованд кардааст, ки онҳоро ба ин рӯзи саид расонид. Ӯ гуфтааст, ки онҳо дар намози худ аз Худо барои Ироқ як фазои амну осуда таманно хоҳанд кард. Амният ва осоиш, ба бовари ин шахс, ҳамон ду чизест, ки Ироқи ҷангу хушунатзада дар ин шабу рӯзи ид бештар аз ҳама чизи дигар ба он ниёз дорад.

XS
SM
MD
LG