Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Комиссиюни интихоботро ба додгоҳ мекашанд


Клара Қобилова, собиқ раиси Комиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон
Клара Қобилова, собиқ раиси Комиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон

Додситонии кулли ҷумҳурии Қирғизистон бар асоси изҳороти собиқ раиси Комиссиюни марказии интихоботи ин кишвар Клара Қобилова, ки аз тариқи навори видеоӣ сурат гирифта буд, парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ кардааст.

Элмурзо Сотиболдиев, додситони кулли Қирғизистон, рӯзи душанбе дар ин маврид ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз тариқи навори видеоӣ изҳорот пахш кардани собиқ раиси комиссиюни марказии интихобот Клара Қобилова тасдиқ гардид. Вай афзуд, ки дар ҳамин ҳол як гурӯҳи тафтишотӣ таъсис дода шуд ва аъзои ин гурӯҳ дар дафтари Комиссиюни марказии интихобот ба таҳқиқи қазияе шурӯъ намудааст, ки марбути изҳороти Клара Қобилова мебошад.

Ба асоси суханони Элмурзо Сотиболдиев, Клара Қобилова дар ҳамин ҳол дар Маскав ба сар мебарад ва дар сурати зарурат хонум Қобилова ҳатман барои бозпурсӣ ба Додситонии кулл даъват карда хоҳад шуд. Додситони кулл мегӯяд, мулоқот бо собиқ раиси Комиссиюни марказии интихобот масъалаҳои зиёдеро рушан хоҳад кард.

Гуфта шуд, ки Додситонии кулл мувофиқи моддаи «Эҷоди монеъа ба фаъолияти комиссияи интихоботӣ»-и Қонуни кайфарӣ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ кардааст. Элмурзо Сотиболдиев гуфт, вале таҳқири хонум Қобилова характери инфиродиро касб намудааст ва вай метавонад дар ин маврид ба додгоҳ муроҷиат кунад.

Ба гуфтаи ӯ агар далелҳое, ки хонум Қобилова дар изҳороти худ тавассути навори видеоӣ гуфтааст, тасдиқи худро наёбад, дар он сурат парвандаи ҷиноӣ қатъ хоҳад шуд. Оқои Сотиболдиев афзуд, чун Қобилова ба Додситонии кулл пиромуни таҳқиқи қазия муроҷиат накардааст, мавриди пайгарди қонунӣ қарор нахоҳад гирифт.

Ақлбек Сариев, яке аз раисони собиқи комиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон, аз мақом барканор кардани Клара Қобиловаро чунин тавзеҳ дода гуфт, вай чунин мешуморад, ки табдили раиси комиссиюни марказии интихобот ҳалли қазия нест. Вай афзуд, дар қонунгузориҳои кишвараш баъзе ихтилоф мавҷуд аст, ки бояд бартараф карда шавад. Дар акси ҳол интихоботҳои баргузоргардидаро қонунӣ наметавон ҳисобид.

Ёдовар мешавем, ки Клара Қобилова, раиси комиссиюни марказии интихобот охири ҳафтаи гузашта барои ҷомеъаи Қирғизистон ғайримунтазира аз мақомат истеъфо дод. Ин истеъфои худро тавассути навори видеоӣ эълон кард. Ба гуфтаи хонум Қобилова, писари раиси ҷумҳури вақти кишвараш тоҷир Максим Боқиев ба вай таҳдид намуда ва ӯро бо алфози қабеҳ дашном додааст. Клара Қобилова афзуд, фазое, ки имрӯз дар кишвараш ҳукмрон аст, барои идомаи фаъолият ба ҳайси раиси комиссиюни марказии интихобот ҳаргиз созгор нест.

Дар ҳамин ҳол иддае аз намояндагони доираҳои сиёсии Қирғизистон бар ин ақида устуворанд, ки президент Боқиев чанд аъзои ҳукуматро аз вазифа барканор кард. Гуфта мешавад, ба ин васила президент мехоҳад намояндагони оппозисиюнро ба ҳукумат ҷалб намояд ва то баҳори соли оянда дар Қирғизистон як фазои солим офарад.

XS
SM
MD
LG