Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳкумияти ҳамлаи хунин дар Исломобод


Меҳмонсарои "Марриот" пас аз инфиҷор

Меҳмонсарои "Марриот" пас аз инфиҷор

Кишварҳои ҷаҳон ва Созмони Милали Муттаҳид бомбгузорӣ ва инфиҷори хунин дар пойтахти Покистон шаҳри Исломободро шадидан маҳкум карданд.

Аз ҷумла, вазири умури хориҷаи Эрон ин амалро “иқдоми террористӣ” номид. Ҳамтои чинии ӯ Йан Ҷиечӣ изҳор намуд, ки “кишвари ӯ мухолифи тамоми навъи терроризм” аст.
Б а эътиқоди нахуствазири Ҳиндустон Маҳмоҳан Сингҳ, ин ҳамла ёдоварӣ аз вуҷуди “нерӯҳои харобкор” аст, ки мухолифи муътадилон ҳастанд. Ҳамин тариқ, дар ҳоле, ки Созмони Конфронси Исломӣ ин ҳамларо амали дасти душманони сулҳ ва мухолиф ба Ислом арзёбӣ намуд, Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, бомбгузории мазкурро «ғайриинсонӣ» хонд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба таъйиди мақомоти Ҷумҳурии Чех, сафири ин кишвар дар Покистон Иво Здарек низ дар пайи ҳамлаи интиҳории рӯзи шанбе дар Исломобод кушта шудааст. Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Чех дар ҳамин робита баёнияи эътирозӣ пахш кардааст.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи инфиҷори бомб, ки шоми 20-уми сентябр, дар назди меҳмонсарои «Марриот»-и шаҳри Исломобод ба амал омад, 53 кас кушта шуда, беш аз 250 нафар захмин шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG