Пайвандҳои дастрасӣ

СПАД - охирин умеди Русия?


Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), гуфт, кишварҳои узви ин паймон нерӯҳои мусаллаҳи муттаҳидро таъсис карданианд.

Ӯ афзуд, ин нерӯҳо, ки, тибқи хабарҳо, аз 11 ҳазор афсару сарбоз иборат хоҳанд буд, барои муқобилат ба ҳама гуна таҳдидҳои истиқлоли кишварҳои узви Созмон низ бояд омода бошад. Гуфта мешавад, ин тасмим дар вокуниш ба афзоиши нооромиҳо дар Афғонистон гирифта шудааст. Виталий Стругаветс, як мақоми СПАД таъйид кард, ки Русия ва чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон барои таъсиси артиши нав ба созиш расидаанд:

«Тибқи нақша бояд гурӯҳи муттаҳидаи нерӯҳои мусаллаҳи минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис шавад. Ин амсоли гурӯҳҳои муттаҳадаи нерӯҳои мусаллаҳ дар минтақаи Аврупои шарқӣ иборат аз Русия ва Белорус ва дар минтақаи Қафқоз, яъне гурӯҳи Русияву Арманистон аст, ки аллакай таъсис шудаанд».

Дар ҳоле, ки вазъи амниятӣ дар Афғонистон – дар марзҳои ҷанубии СПАД шурӯъ аз соли гузашта воқеъан ҳам нооромтар гардид, бештари коршиносон мутмаинанд, ки таъсиси артиши нав дар Осиёи Марказӣ вокуниши Маскав ба ҳаводис дар марзҳои ғарбии Русия аст. Николай Борюжа ҳам парда аз рӯи аҳдофи ниҳонии Маскав бардошт. Ӯ гуфт, ки “ҳама кишварҳои узви СПАД аз бунёди пойгоҳҳои низомӣ ва системи зидди ҳамлаи ҳавоӣ дар марзҳояшон нигаронанд”.

Баъд аз низоъ бо Тифлис ва ба расмият шинохтани ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон – Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон Маскав мавриди интиқоди шадиди Ғарб қарор гирифт. Ин низоъ кишварҳои ғарбиро барои баррасии дубораи имкони узвияти Гурҷистон ва Укроин ба НАТО водор сохт. Ҳамзамон бӯҳрон дар Қафқоз Варшаваро барои имзои қарордод бо Вошингтон дар мавриди истиқрори як бахши сипари мушакии Амрико дар қаламрави Лаҳистон такон дод.

Дар ин вазъ Маскав ба ҳампаймонҳояш дар шарқу ҷануб рӯ овард. Ва аммо дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Душанбе Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз пуштибонии Русия дар низоъ бо Гурҷистон худдорӣ карданд ва хостори ҳалли қазия аз роҳи музокирот шуданд. Баъд аз ин Маскав ба СПАД умед баст.

Арманистон, Белорус, Казоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон – аъзои Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ - бо Маскав робитаи зич доранд ва чун манотиқи таҳти нуфузи Русия арзёбӣ мешаванд. Ва аммо, ба гуфтаи коршиносон, бо вуҷуди ризояти кишварҳои Осиёи Марказӣ барои таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи муттаҳида масъулияти сармоягузории ин артиш бар дӯши Русия хоҳад уфтод. Гумон аст, ки кишварҳои фақири минтақа – Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон барои ин артиш маблағи кофӣ тахсис диҳанд.

Айни ҳол рушан нест, ки нақшаи Русия барои таъсиси артиш дар ҳамагӣ чандсад фарсах дуртар аз нерӯҳои НАТО дар Афғонистон татбиқ хоҳад шуд ё на. Зимнан, ҳамин гуна тасмим дар се соли пеш ноком поён ёфта буд. Коршиносон ба он нукта ишора мекунанд, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди пазируфтани пешниҳоди таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи муштарак вазирони хориҷаи худро барои ширкат дар нишасти Иттиҳодияи Аврупо-Осиёи Марказӣ оид ба амният ба Порис фиристоданд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи коршиносон, ҳама кишварҳои минтақа бо Ғарб низ ҳамкории наздик доранд. Айни ҳол дар Қирғизистон ҳам пойгоҳи низомии Русия мустақар аст ва ҳам пойгоҳи низомии ИМА. Дар Тоҷикистон ба ҷуз 7 ҳазор афсару сарбози рус гурӯҳи низомиёни фаронсавӣ адои хидмат мекунанд ва марзбонҳои тоҷик аз кумаки моливу техникии Амрико бархурдоранд.

Тошканд, ки се сол пойгоҳи низомии амрикоӣ дар кишварро баста буд, ахиран эълом дошт, ки НАТО барои идомаи амалиёт дар Афғонистон метавонад аз пойгоҳҳои низомии Узбакистон истифода барад. Ва Қазоқистон, кишвари аз захоири табиӣ бойи минтақа аз сармоягузории Ғарб барои кашфи чоҳҳои нави нафт вобаста аст.


XS
SM
MD
LG