Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Эхо Москвы" ва масоъили озодии сухан дар Русия


Радиои "Эхо Москвы" аз дигар расонаҳои иттилоъотии оғози солҳои 90-уми асри гузашта умри дарозтар дидааст.

Ин радио бо пахши хабарҳову таҳлилҳо, мусоҳибаҳо ва назари қишрҳои гуногуни ҷомиъаи Русия маъруф аст ва дар вазъи феълӣ, яке аз охирин шабакаҳои садои маҳаллӣ маҳсуб мешавад, ки мавқеъи мустақилу бетарафи худро дар баробари рӯйдодҳои сиёсии дохиливу хориҷии Русия ҳифз кардааст.
Нишондодҳои вазъи озодии баён дар Русия дар даҳ соли ахир шадидан поин рафта, имрӯз ин кишвар дар ин соҳа дар як сатҳ бо кишварҳое чун Қазоқистон, Судон ва Яман қарор гирифтааст. Ва ахиран, тарзи баррасӣ ва пӯшиши хабару гузоришҳои марбут ба рӯйдодҳои Гурҷистон аз ҷониби ин родию бо танқидҳои шадиди Кремлин ва тарафдорони он рӯбарӯ шудааст.
Дар радиои "Эхо Москвы" таҳлилгарону сиёсатшиносони варзида ва мухталифназар гирд омадаанд. Феълан ин шабака дар гузоришҳояш аз пахши танҳо мавқеъи давлати Русия парҳез мекунад. Ва ҳамин чиз боис шуд, ки "Эхо Москвы" аз ҷониби Владимир Путин, нахуствазири Русия, ба таври мустақим мавриди интиқод қарор гирад. Дар як нишасти намояндаҳои бонуфузтарин расонаҳои хабарии Русия дар Сочӣ 16-уми августи соли равон, яъне дафъатан баъди рӯйдодҳои Осетияи Ҷанубӣ, Путин бо бурдани исми сардабир Алексей Венедиктов ин родиюро дар роҳ додан ба иштибоҳҳо зимни пӯшиши мавзӯъи ҷанг бо Гурҷистон сарзаниш кард.
Ва расо моҳе баъд аъзои гурӯҳҳои миллатпарасти Иттиҳоди ҷавонони Авросиё ва Иттиҳоди пайравони дини православӣ дар як тазоҳуроти эътирозӣ радиои "Эхо Москвы" -ро барои ҷо додани назари мақомоти гурҷӣ дар барномаҳояш дар хиёнат ба арзишҳои миллӣ муттаҳам карданд. Эътирозгарон инчунин радиоро дар тарғиби ақоиди нажодпарастона ва таҳқири нерӯҳои федеролӣ муттаҳам карда, ба ҷонибдории баста шудани он ва зиндон кардани сардабири родию Венедиктов садо баланд карданд.
Ба ақидаи таҳлилгарон, бо ин вуҷуд, ки дар ин гуна ҳамоишҳо дар Русия на бештар аз 50 нафар иштирок мекунанду таъсири он ба ҷомиъа ночиз талаққӣ мешавад, аммо ҳамоно дар сарнавишти сиёсии Русия нақши муҳимме мебозад. Иттиҳоди ҷавонҳои Авроосиё, яке аз ширкатдорони тазоҳуроти ахир, тарафдори бунёди имперотурии нави Русия буда, чанде пеш дар муқобили сафорати Гурҷистон дар Маскав намоиши эътирозӣ ташкил кардааст. Фаъъолиятҳои ин гурӯҳ, ба бовари коршиносон, бо ризояти сокити Кремлин ба роҳ монда мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Украина, масалан, ин гурӯҳ барои ташкили ҳамлаҳои интернетӣ болои сомонаҳои ташкилоти давлатӣ ва таҳқири ёдгориҳои таърихии миллӣ мамнӯъ гардидааст.
Ҳарчанд "Эхо Москвы" тазоҳуроти 16-уми сентябрро дар барномаҳояш пӯшиш надодааст, аммо дар мусоҳиба бо маҷаллаи «NewYorker» Алексей Венедиктов гуфтааст, ки фаъъолияти ин радио дучори мушкилот шудааст. Олег Панфилов, раҳбари Маркази журналистикаи изтирорӣ, бо нигаронӣ мегӯяд, аз ҳоло маълум аст, ки ин шабака сиёсати хабариашро шадидан тағйир дода рӯйдодҳои Гурҷистонро ба гунаи дигар арзёбӣ мекунад. Аммо дар айни замон, афзуд вай, мақомот ба бастани ин шабака иқдом намекунанд, чунки ин ба манфиъати онҳо нест: «Ба мардум ва назари ҷомиъа нашрияҳои амалкунандаи дигар таъсир карда наметавонанд. Ва ҳамакнун, Путин ва Медведев ҳамеша гуфта метавонанд, ки дар Русия озодии баён вуҷуд дорад, чунки родиюи "Эхо Москвы" амал мекунаду чанд нашрия ҳам ба чоп мерасад. Одамони Кремлин дар Аврупо хонаву ҳавлиҳо мехаранд, онҳо мехоҳанд, ки зиёд ба он ҷоҳо сафар кунанд ва барои ҳамин ҳам онҳо бояд равобити ҳасанаро бо Ғарб нигоҳ доранд».
Дар ҳамин ҳол, родиюи "Эхо Москвы" ва нашрияҳое чун "Новая газета" ва "Коммерсант" имрӯз чун охирин манбаъи хабарҳои воқеъӣ дар Русия ёд мешаванд.
XS
SM
MD
LG