Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози сабтиноми муҳоҷирон дар меҳмонхонаҳои Русия


Муҳоҷирони тоҷики муқими Маскав аз иҷозаи мақомоти Русия барои сабти иқомат дар меҳмонхонаҳои Маскав истиқбол карданд.

Шамсиддин Мирзоев, як муҳоҷири кории тоҷик, мегӯяд, хадамоти муҳоҷиратии Русия бо ин тадбири худ муҳоҷиронро ҳам аз нигоҳи молӣ ва ҳам аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳимоят хоҳад кард.

Озмоиши ба қайдгирии муҳоҷирони корӣ дар панҷ меҳмонхонаи бузурги шаҳри Маскав рӯзи 12 сентябр оғоз гардид. Намояндаи расмии хадамоти муҳоҷиратии шаҳри Маскав Залина Филимонова ба радиои Озодӣ дар Маскав гуфт, агар ин таҷриба натиҷаи мусбат бидиҳад, дигар меҳмонхонаҳо низ ба ҳамин мақсад истифода хоҳанд. Феълан муҳоҷирон метавонанд дар меҳмонхонаҳои Метропол, Будапешт, Советский, Элегант ва Покровка сабти иқомат кунанд.

Намояндаи хадамоти муҳоҷиратии Маскав тавзеҳ кард, сабти иқомат дар меҳмохонаҳо ройгон аст. Муҳоҷирон дар меҳмонхонаҳо ба мӯҳлати на бештар аз 90 шабонарӯз ва дар асоси варақаи муҳоҷиратӣ ба қайд гирифта мешаванд.

Шарифбеки Садриддин, муҳоҷири тоҷики муқими Маскав, бар он аст, ки доштани сабти иқомат барои 90 рӯз ба муҳоҷир имкон медиҳад, озодона ҷойи кор ҷустуҷӯ кунад ва дар манзилҳои обод ҷойи истиқомат ихтиёр намояд.

Таҳлилгари иқтисодии Осиёи Марказӣ дар Маскав Ҳокимшоҳи Муҳаббат низ иқдоми хадамоти муҳоҷиратии Русияро арзишманд хонд, вале ҳамзамон аз сиёсати норавшани ин хадамот дар масъалаи квота дар соли равон, ки муҷиби то 12 ҳазор рубл, ё 500 доллар, боло рафтани нархи сабти иқомат ва дарёфти иҷозати кор дар бозори сиёҳ гардид, интиқод кард

Бино ба хабари хадамоти муҳоҷиратии шаҳри Маскав, қабули ҳуҷҷат аз хориҷиён барои дарёфти иҷозатномаи кор ба сабаби тамом шудани квота тарқибан се моҳ пеш, 16 июн қатъ карда шуд. Тайи 8 моҳ дар Маскав наздик ба 1 миллиону 300 сабти иқомат шудаанд ва аз ин миқдор андаке беш аз 400 ҳазор иҷозатномаи кор дарёфт кардаанд, омадааст дар гузоришоти хадамоти муҳоҷиратии Маскав. Шумораи муҳоҷирони тоҷик дар ин омор мушахас нест. Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав аслан дар сохтмонҳо ва дар бозорҳо ба кор машғуланд.

XS
SM
MD
LG