Пайвандҳои дастрасӣ

Милисаҳо маҳбус шуданд


Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кормандони масъули шўъбаи умури дохилаи ноҳияи Хуросон Р. Н. ва Қ. Н.-ро бо иттиҳоми латукўб ва бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудаҳо аз озодӣ маҳрум кард.

Ғиёсиддин Умаров, муфаттиши парвандаи мазкур аз додситонии вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ин афрод бар асоси панҷ банди кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла суиистифода аз мақоми хидматӣ бар манофеи шахсӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ, тайёрӣ ва сӯиқасди ҷиноят, ришвахоҳӣ, боздошт ва ҳабси ғайриқонунӣ муттаҳам дониста шудаанд. Оқои Умаров ҷиноёти содиршуда аз сўйи ду корманди милисаи Хуросонро сангин ва бар муқобили ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ва ҳокимияти давлатӣ арзёбӣ кард.

Бино бар қавли тафтишот, он ду корманди маҳкумшудаи милиса бидуни асоси воқеӣ як сокини маҳаллиро бо иттиҳоми дурўғини телефондуздӣ наздики се шабонарўз дар шўъбаи умури дохила боздошт ва мавриди латукўбу шиканҷа қарор додаанд.

Коршиносону нозирони ҳуқуқи башар мегўянд, қазияи истифода аз зўр ва шиканҷа аз сўи ходимони мақомоти интизомии Тоҷикистон барои гирифтан ва ё тасдиқ кардани маълумоти бадастомада ҳодисаи нав нест. Онҳо мегӯянд, ҳанўз ҳам кормандони мақомоти интизомӣ ҳангоми бозпурсии муттаҳамин ва зиндониён аз зўри бозу ва шиканҷаву истинтоқ кор мегиранд, ки хилофи аҳдномаҳои байнулмилалист. Бурҳон Саидалиев, коршиноси масоили ҳуқуқи башар, дар ин иртибот мегўяд:

«Қабули ҳама гуна қонуну қарорҳо наметавонад аз шиканҷаю бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудаҳо ва маҳбусин ҷилавгирӣ кунад, то он замоне ки худи шаҳрвандон беамалӣ накунанд, ҳуқуқҳои худро дониста ва риояташро аз мақомот талаб намояд…»

Ин нахустин як чунин мурофиаи додгоҳӣ дар Хатлон аст, ки дар он аз шиканҷаю бадрафторӣ ҳарф зада шуд. Мурофиаи додгоҳӣ дар Хуросон бо ин анҷомид, ки кормандони милисаи маҳаллӣ Қ. Н. ба чаҳор соли зиндон ва Р. Н. ба се соли корҳои ислоҳӣ маҳкум гардиданд.

XS
SM
MD
LG