Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки бузурги амрикоӣ муфлис шуд


Намои дафтари марказии Lehman Brothers дар Ню Йорк
Намои дафтари марказии Lehman Brothers дар Ню Йорк

Lehman Brothers - чаҳорумин бонки бузурги Амрико эълом дошт, ки тасмим дар бораи муфлисӣ ё варшикастагӣ баъди музокироти ноком оид ба харидорӣ аз сӯи бонки бритониёвии Barclays гирифта шудааст.

Lehman Brothers, ки аз бӯҳрони ипотека ё қарз барои манзил миллиардҳо доллар зиён дидааст, охирин роҳи наҷотро дар пайвастан ба дигар бонки бузурги хусусӣ медид. Шаби гузашта ҳукумати ИМА ва Бонки марказии Амрико дар музокирот бо бонки бритониёии Barclays ба наҷоти Lehman Brothers муваффақ нашуданд - бритониёҳо гуфтушунид дар мавриди харидории Lehman Brothers-ро қатъ карданд.

Тасмими Lehman Brothers барои эълони варшикастагӣ боиси поин рафтани шохиси саҳмияҳо дар бозорҳои Аврупову Осиё гардид. Субҳи рӯзи 15 сентябр, қурби саҳмияҳои FTSE-и Лондон 2,7 дар сад, САС-40-и Порис севу ним дар сад ва DAX 30-и Олмон тақрибан се дар сад поин рафт. Ҳамин гуна, қурби саҳмияҳо дар бозори Осиё низ ба таври чашмрас коҳиш ёфт.

Коршиносон мегӯянд, ки эълони расмии Lehman Brothers барои муфлисӣ ба жарфтар шудани бӯҳрони молӣ мусоидат мекунад. Бунгоҳи ахбори иқтисодии Bloomberg навишт, ки шурӯъ аз солҳои 30-юми қарни гузашта Wall Street ба ин гуна шикаcти бузург мувоҷеҳ нашуда буд. Дигар паём аз жарфтар шудани бӯҳрон дар бахши молии Амрико – хабари харидории яке аз бонкҳои бузурги кишвар Merrill Lynch аз сӯи Bank of America аст. Bank of America барои Merrill Lynch ҳамагӣ 50 миллиард доллар сарф кард, дар ҳоле, ки ду ҳафта пеш қимати он дасти кам 100 миллиард доллар буд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз мутахассисони варзидаи бахши молияи ҷаҳон ва соиқ раиси Бонки марказии Амрико Алан Гринспэн изҳор намуд, ки бӯҳроне чун бӯҳрони имрӯз дар сад сол як бор рух медиҳад. Ҳамзамон, ӯ имкони идомаи варшикастагӣ дар бахши бонкии Амрикоро баъйид намедонад. Аз нигоҳи ӯ, вазъ фақат баъд аз қатъи поинравии қимати манзил дар бозори Амрико ба эътидол медарояд.

Дар ҳамин ҳол, консорсиуми иборат аз даҳ бонки бузурги ҷаҳон ба хотири кумак ба ширкатҳои молӣ дар рафъи оқибатҳои бӯҳрон 70 миллиард доллар ҷудо карданд. Ба иттилоъи хабаргузории AFP, ба ин консорсиум Bank of America , Barclays, Citybank, Credit Suisse, Deutshe Bank, Goldman Sakhs, JPMorgan, Merrill Lynch, Morgan Stanley ва UBS шомиланд. Гуфта мешавад, ҳар яке аз узви консорсиум дар сурати таҳдиди варшикастагӣ метавонад аз маблағи барои хазинаи муштарак ҷудошуда, яъне аз 70 миллиард доллар сеяки онро истифода кунад.

Бархе аз коршиносон ба пойн рафтани қурби доллар баъд аз варшикастагии Lehman Brothers ишора мекунанд ва аммо иддае ба ин фикранд, ки таъсири ин варшикастагӣ барои пули Амрико ночиз хоҳад буд. Зимнан, рӯзи 15 сентябр, қимати доллар дар баробари евро каме боло рафт ва агар субҳ як евро баробар ба як доллару 44 сент буд, пас баъдан он то як доллару 42 сент поин рафт.

XS
SM
MD
LG